Бояд тазаккур дод, ки халқи тоҷик дар байни халқҳои Осиёи Миёна яке аз халқҳое мебошад, ки аз давраҳои хеле дури таърихӣ мактабҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангие таъсис додааст, ки дар саросари Мовароуннаҳру Хуросон ва берун аз он маълуму машҳур буданд. Аз ин ҷост, ки омӯзиши илм дар байни халқи тоҷик аз давраҳои хеле қадим то ба имрӯз мақом ва манзалати хоса дорад.

Мутафаккирони бузурги гузаштаи халқи тоҷик оид ба масъалаи илму дониш ва омӯзишу аз бар кардани он дар асоси таҷриба ва талаботи ҳаётӣ андешаҳои пешқадами илмиеро барои ояндагони хеш изҳор кардаанд, ки аз ин ганҷи беназир на танҳо худи халқи тоҷик, балки дигар халқҳои рӯи олам истифода карда истодаанд.
Дар ин росто, барои исботи гуфтаҳои боло суханони Носири Хусрави Қубодиёниро меорем, ки илмро ба ҷон ва донишро ба гавҳари ҷони одамӣ баробар донистааст:
Тан ба ҷон зиндасту ҷон зинда ба илм,
Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст.
Гузаштагони бузурги халқи тоҷик ба чунин ақида буданд, ки амалҳои неки инсон аз илму дониш, ақлу хирад ва амалҳои бади ӯ аз нодонӣ, аз беақлӣ бехирадию оҷизии он вобастагӣ дорад. Яъне, агар амали бадурафтори зишти ҳар як фард аз нодонӣ, бемаърифатӣ ва бехирадии ӯ барояд, пас рафтори нек ва покизагии хулқу атвори ӯ аз донишмандӣ, бохирадӣ, бомаърифатӣ ва соҳибилмӣ аст. Ҳар касе, ки, – таъкид кардаанд онҳо, – дар зиндагӣ дорои илму дониш ва ақлу хиради расо мебошад, пас соҳиби савоби ҷовидона низ ҳаст ва агар дар зиндагӣ бадиву зиштӣ ва умуман хислатҳои шарри аҳриманиро ба худ касб намудааст, як умр гирифтори фурӯмоягӣ мегардад.
Дар олам ду омиле арзи вуҷуд дорад, ки яке инсонро соҳиби ақлу хирад, мартабаю манзалат, ҳурмату эҳтиром, сифатҳои ахлоқи ҳамида, обрӯю эҳтиром, тоҷи сари дигарон, зиндагии орому осуда ва дӯстдори ҷомеа мегардонад. Ин омӯхтан ва аз бар намудани илму дониш аст. Дигаре ин нодонӣ, бемаърифатӣ, бефарҳангӣ ва бемаданиятӣ аст, ки инсонро ба торикӣ, ҷоҳилӣ, зулму золимӣ оварда, ӯро соҳиби хислатҳои бади одамӣ ба монанди, беақлӣ, бехирадӣ, бефаросатӣ, нокасӣ, бевиҷдонӣ, беномусӣ ва ғайра карда, дар ҳаёт ӯро ба азобу машаққат ва бадбахтиҳои зиндагӣ гирифтор мекунад. Чунин нафарон ҳеҷ вақт ҳаёти осударо намебинанд ва дар давоми зиндагӣ на барои худ кори неке карда метавонаду на барои дигарон кори хайре.
Дар ҳама давру замон, олимон ва умуман аҳли илму маърифатро масъалаи шоистагӣ ва салоҳиятнокии ҳар як мутахассис нисбат ба касбаш ба ташвиш оварда ноҳинҷор месохт. Масъалаи мазкур дар замони муосири ҷомеаи мо низ яке аз мавзӯи мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Агар мо масъалаи омӯзгормуаллим ва вазъи омӯзиши илму дониши ӯро гирем, ба ҳама маълум аст, ки бояд пиндор, гуфтор ва рафтори ӯ бо вазни илму донишаш ҳамвазн ва ҳамоҳанг бошад. Илму дониши касбии омӯзгор муҳимтарин сифати фаъолияти ӯ ба ҳисоб меравад. Вай барои муаллим ҳамаҷониба донистани асосҳои назариявию амалии ҳамон илме, ки ӯ дарс мегӯяд ҷавҳари ҷавҳарҳост. Дониш ва илми омӯзгор маҳак ва меъёри асосии сифати касбии ӯ мебошад. Муаллим то ҳамон даме метавонад ва ҳуқуқ дорад дигаронро омӯзонад, ки худ меомӯзад.
Дар зиндагӣ ва тамомияти ҳастӣ сарват ва боигарии омӯзгор ин илму дониш мебошад. Ӯ ин сарвати бебаҳои хешро бебаркаш ва бе ягон дудилагӣ ба шогирдонаш мебахшад.
Илму дониш шамъест, ки дар зиндагӣ роҳи ҳар як инсонро мунаввар сохта, ӯро оқибат ба қуллаҳои мақсуд мерасонад. Беҳуда нест, ки ҳамаи гузаштагони бузурги мо моро барои аз бар намудани илм ва омӯзиши дониш талқин кардаанд.
Аз ҳама гуфтаҳои боло, ба мо маълум мегардад, ки вазифаи муаллим дар давоми фаъолияташ на фақат аз таълиму тарбияи шогирдон иборат аст, балки ӯ бояд, ки як умр илм омӯзад ва бо нишондоди ӯ амал кунад.
Дар «Қуръони маҷид» дар ин мавзӯъ чунин омадааст: «Сипас, Қуръонро ба он бандагони Худ, ки онҳоро баргузидем, мерос додем; пас баъзеяшон бар нафси худ ситамгаранд ва баъзеашон ростраванд ва баъзеашон ба сӯи некиҳо ба ҳукми Худо сабқаткунандаанд. Ин аст фазли бузург».
Чи тавре маълум мегардад, ростиро пайгирӣ кардану ба дигарон некӣ кардан, дар навбати аввал, ин ҳукми Худост ва баъдан ин ҳукм дар «Қуръони Карим» омадааст. Ва аз ин ҷо чунин бармеояд, ки ҳар як олиму донишманд ростраву некукор бошад.
Яъне, ҳар як олим, донишманд ва муаллим дар зиндагӣ тибқи ҳукми Худованд ва нишондоди «Қуръони Карим» гуфтор ва рафторашон як хел бояд бошад. Дар «Қуръони Карим» рафтор ҳамчун «фазли бузург» дониста шудааст. Пас, ҳар нафаре, ки чунин рафтор ва муносибат мекунад, маънои онро дорад, ки кори нек ва бузургеро ба анҷом мерасонад.
АБДУРАҲИМЗОДА Қ.С.,
профессор
Нет описания фото.