Дар шароити кунунӣ рӯзномаҳо ҳамчун василаи интиқоли арзишҳои муайян дар шаклгирии муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, рушди тафаккури аъзои ҷомеа ва махсусан ҷавонон нақши муҳим доранд.

Дилхоҳ иттилооти тавассути рӯзномаҳо дар ҷомеа паҳншаванда манфиатҳои муайянро ифода намуда, тавассути аудиторияи худ муҳити муайянро фаро мегирад ва таъсир мегузорад.
Имрӯз аудитория ё доираи мутолиакунандагони рӯзномаи донишгоҳии «Фурӯғ» хеле зиёд буда, он ба теъдоди 11 000 ҳазор нусха нашр мешавад. Инъикоси ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии донишгоҳ, ба табъ расонидани беҳтарин мақолаҳои илмӣ, публитсистӣ ва таърихии устодону донишҷӯён муаллифони ватаниву хориҷӣ ва мушкилоти имрӯзаи ҳаёти донишгоҳ, ки ба манфиати омӯзгорону толибилмон нигаронида шудаанд ҳадаф ва вазифаҳои барномавии рӯзнома ба ҳисоб меравад.
Бояд дар назар дошта бошем, ки то ба нашр расидани як шумораи рӯзнома ҳайати эҷодии он чи қадар заҳмат сарф мекунанд. Суоле, ки моро ба ташвиш андохт, дар баъзе аз факултаҳо ба донишҷӯён дастрас нашудани рӯзнома аст. Қисме аз донишҷӯён дар суҳбат бо мо иброз доштанд, ки баъзан то як-ду моҳ ҳам рӯзномаро дастрас карда наметавонанд. Ин ҳолат боиси он гардид, ки ҳайати эҷодии рӯзнома дар якҷоягӣ бо раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ азназаргузаронӣ ё ба истилоҳ рейд гузаронида, ба масъулини факултетҳо суҳбат доир намоянд, вале ин ҳолат то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтааст. Ҳатто рӯзи қабули таъмири факултетҳо, ки бо иштироки раёсати донишгоҳ ва ҳайати комиссияи босалоҳият баргузор гардид, ғарами газетаҳои ба донишҷӯён тақсимношуда дар факултети техникӣ ва технологӣ (декани факултет дотсент Файзиддин Муродов) мушоҳида гардид. Чунин амалро ғайр аз беинсофӣ чи ҳам метавонем номид. Наход масъулини факултетро андешаи обуначиён боре ҳам ба ташвиш наоварда бошад. Куҷост масъулиятшиносии роҳбарӣ ва дилсӯзию боварии роҳбарият ба он?
Дар робита ба ин, кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо ҳайати кормандони идораи рӯзнома тасмим гирифтаанд, ки моҳе як маротиба чунин рейдҳоро доир намуда, ҳолати дастраси хонандагон гардидани рӯзномаро дар факултетҳо санҷиш намоянд.
Итминон дорем, ки масъулини дигар факултетҳо аз чунин рафтор хулосаи дуруст бароварда, дар тақсим ва дастраси мизоҷон гардидани рӯзнома ба бемасъулиятӣ роҳ намедиҳанд.
Аҳли эҷоди «Фурӯғ»
Возможно, это изображение (1 человек и текст)