Имрӯз бо ибтикори факултети филологияи тоҷик дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмию адабии бахшида ба Рӯзи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доир гардид.

Нахуст, Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ таҳният гуфт.
Сипас аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим табрикоти Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Устод Рӯдакӣ дар сарнавишти халқи тоҷик ва эронитаборон аз нахустин суханварону андешамандони ояндабин буд, ки бо сухани парниёпӯш барои эҷод, бунёд ва рушди назму насри адабиёти форсизабонон пояи устувор гузошт. Метавон устод Рӯдакиро олими заррабини тавоно, бинотар аз ҳар бино, нигорандаи тозаназару тозаэҷод ва вассофи покии имону виҷдон ва рӯҳу тан номид. Осори устод Рӯдакӣ мавзӯъҳои гуногунро фарогир буда, бештар бо мавзӯъҳои умдаи ҷомеа, замону макон, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, панду насиҳат, башардӯст будан, тасвири табиат ғаниву наҷиб гардидааст».
Озар Салим, раиси Бахши хатлонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аҳли донишҷӯёну омӯзгоронро ба муносибати таҷлили Рӯзи Одамушшуаро таҳният гуфта, аз хидмати Маликушшуаро роҷеъ ба ҳифзу нигаҳдошти забони тоҷикӣ ситоиш намуд. Афзуд, ки бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ғановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ӯ зебову ғанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист.
Ҳамчунин, аз ҷониби омӯзгорони кафедраи адабиёти тоҷик Искандар Икромов, дар мавзӯи “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ- асосгузори адабиёти тоҷику форс”, Рустам Тағоймуродов, дар мавзӯи “Рӯдакӣ ва жанри рубоӣ” ва Сафармад Аҳмадов, дар мавзӯи “Бозтоби ифтихори миллӣ дар шеъри устод Рӯдакӣ” маърӯза намуданд.
Дар охир, қироати шеърҳо ва намоиши саҳнаҳои бадеӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултет ҳусни чорабиниро таровати дигар бахшид.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ