Имрӯз 2-юми октябри соли 2021 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим зимни ифтитоҳи чорабинӣ аз нақшу мақоми омӯзгор дар рушди ҷомеа ва давлат таъкид намуд.
Паёми табрикотии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳро Қ. Абдураҳимзода ба самъи устодони донишгоҳ расонид.
Гуфта шуд, ки пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам маҳсуб ёфта, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад.
Муовини ректори донишгоҳ саҳми омӯзгоронро дар тарбияи насли наврас, пешрафти ҷомеа ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманду соҳибтахассус муассир унвон намуда, намояндагони ин касби пуршарафро ба муносибати рӯзи касбӣ табрик гуфт.
Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон як зумра кормандону устодон барои заҳматҳои содиқонаашон дар пешбурди фаъолияти илмиву таълимӣ бо Сипоснома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ, як қатор кормандон ва устодони донишгоҳ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи мутаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ шарафёб гардиданд.
Дар охир, аз ҷониби донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ иборат аз тарануми қадр ва манзалати омӯзгор дар ҷомеа доир гардид.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ