Иттифоқи журналистони шаҳри Москва бо мақсади ҳифзи хотираҳои таърихии ғалабаи ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизм ва ба ин васила, таҳкими дӯстӣ миёни мардумони кишварҳои пасошӯравӣ тасмим гирифтааст, ки миёни рӯзноманигорони ҷавони ВАО-и рӯсзабон (нашрияҳои чопӣ, интернетӣ, телевизионӣ, радиоӣ) донишҷӯёни факултетҳои рӯзноманигорӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна дар мавзӯи “Кӯдакон замони ҷанг. Онҳо он замон бозӣ намекарданд, фақат мезистанд” озмун баргузор менамояд.

Маводи пешниҳодшаванда бояд бозгӯи тақдири душвори кӯдакон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла ҳаёти мушкили наврасон дар минтақаҳои аз ҷониби фашистон забтгардида, таҳмили онҳо аз шаҳри Москва ба дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо меҳру муҳаббат пазирӯфтани онҳо аз ҷониби сокинони дигар мардумони иттиҳод буда, синни иштирокдорон аз 15 то 35-соларо бояд фаро гирад.

Шартҳои озмун:

  1. Чоп кардани мавод дар матбуоти даврӣ (очерк, эссе, мусоҳиба, суҳбат, гузориш, аксҳо);
  2. Дар шабакаҳои ТВ-онӣ (барнома, гуориш, филми ҳуҷҷатӣ);
  3. Дар радио (барнома, гузориш, суҳбат, таҳияи дигар маводи радиоӣ);
  4. Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (таҳияи саҳифаҳои блогерӣ).
Барои иштирок дар озмуни мавкур хоҳишмандонро зарур аст, ки то 22-юми майи соли ҷорӣ корҳои эҷодии худро ба суроғаи http://ujmos.ru/vnimanie-konkurs-deti-vojny-oni-v-neyo…/ ирсол намоянд.
Возможно, это изображение (камера)