Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (информатика, таҳсилоти олии касбӣ) дар мавзӯи “Асосноккунии назариявии ташкили методии таҳсили фосилавӣ дар шароити муосири омодасозии мутахассисони босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон” ҳимоя гардид.

Ҳадафи таҳқиқот – асосноккунии назариявию методӣ ва коркарду тасвиби таъминоти ташкилӣ ва педагогии омӯзиши фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар шароити амалишавии муносибати босалоҳият дар таълим.
Объекти таҳқиқот – ташкили шакли таълими фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавзӯи таҳқиқот – асосҳои назариявӣ-методии ташкили омӯзиши фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосири омодасозии мутахассисони босалоҳият.

МАСЪАЛАҲОИ ТАҲҚИҚОТ:

1. Дар асоси ҳадафи таҳқиқот ва таҳлили амалияи муосири ТФ муайян кардани намудҳои фаъолият ва танзими вазифаҳои асосии омӯзгор зимни фаъолияти ӯ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ.
2. Дар асоси таҳлили намудҳои фаъолияти омӯзгор дар НТФ таҳия намудани талаботи тахассусӣ ба салоҳиятнокии касбии омӯзгор, тарҳрезии феҳристи салоҳиятҳои омӯзгор барои кор кардан дар низоми ТФ.
3. Коркарди амсилаи курси таҳсили фосилавӣ ва барномаи таълимии курси такмили ихтисос аз ТИК бо дарназардошти салоҳиятҳои касбии омӯзгор.
4. Дар заминаи талаботи тахассусӣ ба салоҳиятнокии касбии омӯзгор кор карда баромадани супоришоти таълимии фосилавӣ аз соҳаи ТИК.
5. Дар заминаи барномаи курси такмили ихтисос ташкил ва баргузор намудани курсҳои фосилавии таҷрибавию озмоишии такмили ихтисос аз ТИК дар мавзӯи «Омодасозии омӯзгорон барои кор кардан дар низоми таҳсилоти фосилавӣ» барои омӯзгорон ва мутахассисони соҳавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии самти омӯзгории кишвар.
Марҳилаҳои таҳқиқот. Тамоми давраи ҷамъоварии мавод, мутолиа ва таҳлили адабиёт аз рӯйи мавзӯъ ва объекти таҳқиқот, ба нашр омодасозии мақолаҳои илмӣ ва барасмиятдарории диссертатсия чор марҳиларо дар бар гирифтааст:
– марҳилаи якум – марҳилаи омодасозӣ (солҳои 2016-2017). Ҳадафи асосии ин марҳила аз ошкор намудани сатҳи заминавии таҳқиқот иборат буд: муайянкунии проблема; асосноккунии мубрамият ва хусусиятҳои масъалаи омӯхташаванда; аён намудани предмет ва объекти таҳлили илмӣ; тасвияти фарзия. Дар ин марҳила таҳлили заминаи меъёрии ТФ анҷом дода шуда, намудҳои фаъолияти омӯзгорон дар ин низом ошкор, талаботи тахассусӣ ва салоҳиятҳои асосии онҳо таҳия гардидаанд. Ҳамзамон, муайян кардани доираи проблемавии таҳқиқот, коркади низоми мафҳумҳои асосӣ, сохтани алгоритми кори таҳқиқотӣ, таҳияи талаботи тахассусӣ ва тасвияти салоҳиятҳои омӯзгорон барои кор кардан дар низоми ТФ низ ба ҳамин марҳила марбут аст;
– марҳилаи дуюм – марҳилаи асосӣ (солҳои 2017-2018), ки дар фосилаи он амалҳои зерин анҷом дода шуданд:
– озмоиши муқарраркунанда – пурсиши шунавандагони курсҳои ТИ ва омӯзгорони донишгоҳҳои пойгоҳӣ; таҳлили барномаҳои курсҳои мазкур; тавсифи курсҳои технологияҳои иттилоотӣ вобаста ба омодасозии омӯзгорон; тарҳрезии курси таҳсилоти фосилавӣ барои кормандони соҳаи омӯзгорӣ; омӯзиш ва таҳлили маҳорату малакаҳои шунавандагони курс дар самти амсиласозии равандҳои таҳсили фосилавӣ;
– амсиласозӣ – коркарди амсилаи курси фосилавии ТИ; муайянкунӣ ва аз нуқтаи назари педагогӣ асоснок сохтани мақсаднокии компонентҳои он;
– озмоиши ташаккулдиҳанда – тасвиби амсилаи курси фосилавии ТИ; такмили методикаи роҳандозии курси фосилавӣ дар тайёр кардани омӯзгорон зимни фаъолияти онҳо дар низоми ТФ;
– марҳилаи сеюм – марҳилаи таҳлилӣ (солҳои 2018-2019). Дар ин марҳила таҳлил ва натиҷагирии назариявии иттилооти дар рафти кори таҷрибавӣ-озмоишӣ бадастомада ҷамъбаст гардида, тасҳеҳи амсилаи коркардшуда, параметрҳои он, тасвияти хулосаҳо, дақиқкунии мафҳумҳои бунёдӣ ва методологияи таҳқиқот, ҷамъбасти барасмиятдарории илмӣ ва методии диссертатсия анҷом дода шудааст;
– марҳилаи чорум – марҳилаи озмоишӣ (солҳои 2019-2020). Дар марҳилаи мазкур озмоишҳои педагогӣ бо шунавандагони курсҳои фосилавии ТИ дар мавзӯи «Омодасозии омӯзгорон барои кор кардан дар низоми таҳсилоти фосилавӣ» дар заминаи як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии баъд аз таҳсилоти олии касбӣ анҷом дода шудааст.
Натиҷаҳои таҳқиқотӣ дар 81 интишороти муаллиф инъикос ёфтаанд, ки аз онҳо 10-тояшро монографияҳо, васоит ва дастурҳои таълимию методии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Шӯрои илмӣ-методии ДДБ ба номи Н. Хусрав тавсияшуда, 34-тояшро мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ банашррасида, аз ҷумла 10-тояш дар алоҳидагӣ ва 37-тои боқимондаашро мақолаҳои дар дигар нашрияҳо бачопрасида, аз ҷумла дар нашрияҳои шомили пойгоҳи китобхонаи илмии электронии eLIBRARY.ru, маводи конференсияҳои илмии байналмилалӣ (РИНЦ) ва ҷумҳуриявӣ ташкил додаанд.
Таҳқиқоти диссертатсионӣ аз бахшҳои «Муқаддима», «Тавсифи умумии кор», чор боб, бахши «Хулосаҳо» бо зербахшҳои «Натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия» ва «Тавсияҳо оид ба истифодаи амалии натиҷаҳо», бахши «Номгӯи адабиёт» бо зербахшҳои «Феҳристи сарчашмаҳои истифодашуда» ва «Феҳристи интишороти илмии довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ» ва инчунин бахши «Замимаҳо» иборат аст.
Возможно, это изображение (1 человек и стоит)