Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод лозим аст. Оре, бе устод кас наметавонад, аз доираи тафаккури маҳдуди хеш берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Аз ин рӯ, омӯзгор шахсест, ки инсонҳоро ба қуллаҳои мурод мерасонад.

Омӯзгор шахсест, ки дар қалби шогирдон баҳри одаму одамгарӣ, дӯстиву рафоқат ва дар маҷмӯъ, ахлоқи ҳамидаро мекорад. Омӯзгорӣ пешаи пурифтихор ва пурмасъулият аст. Дар дунё омӯзгорро ҳамчун чароғафрӯзи ҷомеа, дӯсти мушфиқу меҳрубон ва устоду роҳнамои аҳли башар медонанд.
Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Бузургони шеъру адаби форсӣ перомуни омӯзгор суханони ҷолибе гуфтаанд. Масалан, мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар осори гаронмояи хеш нақши омӯзгорро дар бунёди ҷаҳони маънавии инсон асосӣ ва калидӣ ҳисобидааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Чун устод бо донишу илм ва ахлоқи ҳамида мусаллаҳ аст ва ба инсонҳо донишу хирад меомӯзад, ҳаққи ӯро аз қиблагоҳи инсон аз оне, ки баъди Парвардигор ба инсон ҳаёт мебахшад, бештар медонанд.
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Аҳмади Дониш дар бораи омӯзгор чунин гуфтааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар».
Дар ҷойи дигар бузургони мо чунин нигоштаанд, ки коре, ки бе дуову фотиҳаи устод оғоз мегардад, фарҷоми нек надорад. Ба андешаи онҳо маҳз дуову фотиҳаи неки мураббию омӯзгор боиси муваффақият ва пирӯзии инсон мешавад.
Ҳар ки бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хидмат куну устод шав.
Ҳамин тариқ, гузаштагони мо перомуни омӯзгор ва пешаи омӯзгорӣ суханони ҷолибе гуфта ва устоду мураббиро дар ҳаёти инсон шахси асосӣ ва калидӣ шуморидаанд.
Хушбахтона, чунин муносибат ва бархӯрд дар ҷомеаи муосири мо низ идома ёфта истодааст ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хеш мактабу маорифро дар ҷойи аввал гузоштааст. Масалан, ӯ дар яке аз суханрониҳояш дар бораи пешаи омӯзгор ва омӯзгор чунин гуфтааст: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққатҳои омӯзгорон аст».
Оре, омӯзгор шахсияти бузург ва наҷиб аст, ӯ инсонҳоро аз назари илму дониш тақвият мебахшад ва ба ҷомеа нуру зиё меорад.
Бигузор, нуру зиёе, ки аз зеҳни омӯзгор берун меояд, то абадулабад равшангари роҳи аҳли башар бошад.
Ҷ. СОБИРОВ,
доктори илмҳои техникӣ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (7 человек, ребенок, люди сидят, люди стоят и в помещении)