Бузургони шарафманди мо аз илму маърифат, панду насиҳат ва ахлоқу ҳикмат кохи бегазанде бунёд намудаанд, ки то имрӯз побарҷост ва осори гуҳарборашон саҳифаҳои таърихи башарро рангину пурмаъно кардаанд. Аз ҷумлаи меъморони ин кохи бузург Имом Ғаззолӣ маҳсуб меёбад. Мавсуф дар ҷодаҳои мухталифи илму маърифат навгониҳои беназирро ворид намуда, дар соҳаи илми педагогика низ андешаҳои судманде иброз намудааст, ки омӯзгори имрӯза метавонад аз онҳо баҳрабардорӣ намояд.

Ба қавли Имом Ғаззолӣ устод бояд нисбат ба шогирд мушфиқу дилсӯз бошад. Мақсади устод раҳонидани шогирдон аз вартаи гумроҳӣ ва расонидани онҳо ба саодатмандии дунёву охират мебошад. Ба андешаи Имом Ғаззолӣ бояд шогирдони як гурӯҳ бо ҳам дӯсту бародар бошанд. Чунки онҳо ҳукми фарзандони як падарро доранд. Омӯзгорро низ мебояд дар давоми дарсҳо аз панду ҳикматҳои ниёгон истифода барад. Роҳу усулҳои муфиди таълимро ҷустуҷӯ карда, шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ тарбия намоянд.
Имом Ғаззолӣ роҷеъ ба ин мавзӯъ чунин менависад: «Вазифаи асосии омӯзгор аз он иборат аст, ки набояд барои таълими худ музд талаб намояд. Инчунин, аз хонандагону донишҷӯён мунтазири музду сипосгузорӣ набошад. Балки танҳо ба хотири обрӯву шаъну шараф ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шавад. Болои сари талабагон миннат наниҳад, агарчӣ худи талабагон бояд аз устод миннатпазир бошанд. Баръакс фазилатро ба донишомӯзон мансуб донад, зеро онҳо қалбашонро барои коштани тухми илму маърифат поку мусаффо кардаанд. Ба монанди шахсе, ки заминашро ба ту барои истифода орият медиҳад, то ту дар замини вай кишт намоӣ. Маълум аст, ки дар чунин ҳолат фоидаи ту аз он замин аз суди соҳибаш дида бештар аст. Пас чӣ тавр дар чунин ҳолат ба сари ӯ борони миннат мерезӣ? Агар шогирдат намебуд ту ҳаргиз ба чунин савоби бузург ноил намегаштӣ. Муздатро танҳо аз Худованд талаб кун».
Ба андешаи Ғаззолӣ, тамоми молу амволи дунё барои хидмати бадан аст ва бадан маркаби нафс мебошад ва ҳар дуи ин барои хидмати илм аст, зеро шарофати нафси инсон аз туфайли илму маърифати ӯ аст. Ҳар нафаре, ки бо илм дунёпарастӣ ва молталабӣ мекунад, ба монанди нафаре аст, ки бо чеҳраи зебояш хоки қадамашро тоза кардааст.
Дар бобати сифатҳои ботинии омӯзгор, бахусус, бекинаву покдил будани ӯ ин донишманд чунин мефармояд: «Агар аз ҷониби шогирд андак нуқсон сар зад, устод бар алайҳи ӯ шӯриш мебардорад ва душмани рақами яки шогирдон мегардад. Чунин омӯзгор чӣ қадар хасис бошад, ки мақоми пастро барои худ писандида бо он хушҳол гаштааст. Боз ӯ даъво дорад, ки мақсади ман аз фаъолияти омӯзгорӣ ба нашри илму маърифат ноил гаштан аст. Ба аломатҳои риёкории ӯ назар кун, дар амалаш навъҳои гуногуни ғурурро мебинӣ».
Аз нуқтаи назари Ғаззолӣ вазифаи муҳими омӯзгор аз он иборат аст, ки нисбат ба шогирд аз ибрози ҳеҷ насиҳат дареғ наварзад. Шогирдашро аз соҳибунвони нолоиқ гаштан манъ намояд. Дар боби омӯзиш ӯро тавсия диҳад, то ин ки пеш аз ҳама, фунуни лозимро фаро гирад.
Андешаҳои бикри ин донишманди маъруф доир ба дигар паҳлуҳои касби омӯзгорӣ воқеан, баҳри беҳтар намудани фаъолияти педагогии омӯзгорон мусоидат мекунад. Бо вуҷуди гузашти асрҳо, то имрӯз арзиши ин суханҳо як зарра ҳам кам нагардидаанд.
Дилором ДАВЛАТОВА,
раиси бонувони донишгоҳ
Возможно, это изображение (12 человек, ребенок, люди сидят, люди стоят, в помещении и текст «тригонометрия @womi m S»)