Дар ҷаҳони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ талаботи замон буда, ҷавонон ба ин восита метавонанд, дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифгари миллату кишвари хеш бошанд. Боиси хушнудист, ки ин ҳақиқатро донишҷӯёни факултетҳои забони русӣ ва англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба хубӣ дарк намудаанд, зеро давоми чанд соли охир таваҷҷуҳи онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ хеле зиёд гардидааст.

Донишҷӯён эҳсос намудаанд, ки забондонӣ яке аз роҳҳои рушди босуботи ҳар як давлату ҷомеа маҳсуб ёфта, он восиатаест, ки давлатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояду фарҳанг, забон, маданият ва расму русуми тоҷикро ҳифз мекунад. Ҳамин аст, ки раванди муҳимияти забономӯзиву забондонӣ рӯз то рӯз афзуда истодааст. Муддати 30- соли Истиқлолияти давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳама шароит муҳайё гардидааст, ки донишҷӯён аз имконоти мавҷуда истифода намуда, бо масъулияти баланд аз пайи омӯзиши илму дониш ва забонҳои хориҷӣ мегарданд. Бештари онҳо дар вақтҳои холӣ ба маҳфилҳои фаннӣ ҷалб гардида, ба онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд. Омӯзгорон аз усулҳои фаъоли таълим истифода намуда, дарсҳои англисию русиро ҷолибу хотирмон мегузаранд.
Зимни суҳбат омӯзгори кафедраи курси амалии забони англисии факултети забони англисӣ Анвар Муродов гуфт, ки ҷавонони мо созандагони имрӯзу ояндаи миллат буда, дар даврони истиқлолият бештару хубтар барои забономӯзӣ кӯшиш менамоянд. Ин ҳама шурӯъ аз таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ва ғамхориҳои бемисли он нисбати насли ҷавони кишвар аст. Донишҷӯёни донишгоҳро лозим аст, ки аз дуранамои рушди давлатдории худ ба хубӣ огаҳӣ дошта бошанд ва бояд донанд, ки яке аз шартҳои он аз худ кардани забонҳои хориҷӣ мебошад. Донистани забонҳои дигар миллат роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақият кушода мегардонад. Инсон ба воситаи донистани забонҳои хориҷӣ шарти асосии ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонишавии хешро муайян месозад-иброз намуд, омӯзгор А. Муродов дар идомаи суҳбат.
Имрӯз омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ҳар як нафар хеле муҳиму зарурӣ аст. Маҳз ба воситаи забондонӣ ҷавонон метавонанд бо фарҳангу таърихи мамлакатҳои дунё шинос шуда, дониши худро такмил диҳанд ва дар муаррифӣ намудани кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошанд.
Ш. АСОЕВА, «Фурӯғ»
Возможно, это изображение (текст «Eng English»)
9