Хурсанд Ҳамдамзода, декани факултети гумрук ва таҳлилӣ иқтисодӣ ба тариқи гузариш дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 12-уми октябри соли 2021 ба вазифаи муовини ректор оид ба таълим таъин гардид.

Ҳамдамзода Хурсанд Акбар хатмкардаи шуъбаи менеҷменти факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.
Пас аз хатми донишгоҳ дар кафедраи назарияи иқтисоди ҳамин донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор фаъолияти кории худро оғоз намудааст. Донишу малакаи касбияшро ба назар гирифта ӯро дар вазифаҳои гуногуни дохилии донишгоҳ пешбари намудаанд.
Хурсанд Ҳамдамзода зери роҳбарии профессор И.С. Ашўров дар мавзӯи «Таъсири интенсивӣ ба самаранокии чорвои ширӣ дар минтақа» (аз рӯи маводҳои корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон) рисолаи номзадиро дар Шӯрои диссертатсионии 6D КОА 014 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур бомувафффақият ҳимоя намудааст.
Бо меҳнати софдилона, дониши хуб, ахлоқи ҳамида, муомилаи нек, маданияти баланд, муоширати қобили қабул ва дигар фазилатҳои некаш ёд меоранд.
Дар фаъолияти минбаъдаи Ҳамдамзода Хурсанд Акбар бурдборӣ, сарбаландӣ, некномиро хоҳонем!
Возможно, это изображение (1 человек, стоит и костюм)