12-уми октябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ, баргузор гардид.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав зимни баромад оид ба муҳимияти ҷамъомад суханронӣ намуда, иброз дошт, ки рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз олимону донишмандон, зиёиён ва татбиқи дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсолот вобастагии зиёд дорад.
“Ҳайати профессорону муҳаққиқон ва кормандони донишгоҳ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, кушиш доранд, ки дар ин самт корҳоро вусъат бахшанд. Муҳаққиқону донишмандон метавонанд бо неруи зеҳнии худ дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъсиргузор бошанд”, – зикр кард ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин.
Сипас,Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда гуфт, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат шароити мусоиди фаъолиятро фароҳам овардаанд.
Дар идомаи суханронӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ қайд кард, ки кормандони соҳаҳои мазкурро лозим аст, ки бештар ба омӯзиш ва таҳқиқи афкори фалсафию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълим, нақшаву барномаҳои таълимӣ, тақвияти корҳои илмӣ дар кафедраҳо, ташкили гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ-англисӣ, ба хусус равияҳои омӯзгорӣ, фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои татбиқи онҳо дар донишгоҳ чораҳои мушаххас андешанд.
“Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омода ҳаст, ки дар тамоми самтҳо ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ёрии амалии худро расонад”, – зикр намуд дар идомаи суханронӣ Вазири маориф ва илми кишвар, академик М. Имомзода.
Дар вохӯрии мазкур фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимода Қудратулло бинобар сабаби ба сини нафақа расидан аз вазифаи муовини ректор оид ба таълим озод карда шуда ба ҷойи он Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим таъин шуд.
Дар охири ҷамъомад Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар кунонид, ки ҳайати профессорону устодони донишгоҳ ҳамаи он масълаҳое, ки барои пешрафти самтҳои мухталифи соҳа таъсиргузор аст, сармашқи кори худ намуда, дар самти илм ва таълим ба фаъолияти хеш тақвият хоҳанд бахшид.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ