Бо ибтикори Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ” дар байни донишҷӯёни соли аввал мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд, ки аз 20-уми октябр то 4-уми ноябр идома хоҳанд ёфт.

Нимаи дуюми рӯзи 20-уми октябр маросими кушодашавии мусобиқа баргузор шуд.
Тавре раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ Маҳмадкарим Шарипов иброз дошт, ғолибони мусобиқа бо Ҷоми кумита, ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ