Мусоҳибаи вижа бо декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои филологӣ Меҳрубон Назаров.

-Нахуст дар мавриди мақому манзалати забони тоҷикӣ андешаҳои худро иброз менамудед?

– Забони тоҷикӣ забони бостониест, ки дар ҳазорсолаҳои пешин ба ҳодисаҳои сангини таърихӣ дучор шуда, он ҳама арзишҳои милливу фарҳангӣ ва бо бузургии худ мақому манзалаташро то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон нигоҳ дошта тавонист. Яъне, сарфи назар аз шикасту рехти давлатдории тоҷикон дар давраҳои гуногун, забони тоҷикӣ ба василаи асару сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ табиату хусусиятҳои вижаи худро ҳифз намудааст. Ҳамакнун, дар замони соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду эҳёи дубораи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таваҷҷуҳи беандоза зоҳир гардида, маҳз дар баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ асарҳои илмиву таърихӣ ба чоп расидаанд, ки паҳлуҳои гуногуни забони тоҷикиро таҷассум менамоянд. Аз ҷумла, китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат- ҳастии миллат” аз асарҳои пурарзише ба ҳисоб меравад, ки дар он тамоми давраҳои таърихӣ нишон дода шудааст.

– Устод лутфан мегуфтед, ки дар риояи забони адабии тоҷикӣ дар воситаҳои ахбори омма, навишти шиору овезаҳо ва суҳбату баёнияҳои оммавӣ чӣ мушкилу масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд дорад?

– Дар риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ дар ВАО он қадар мушкилу душвориҳо мушоҳида намешавад. Ба истиснои баъзе ҳолатҳо, ки баъзан дар рӯзномаву маҷаллаҳо аз меъёри забони адабӣ берун мераванд, ки ин аз сатҳи донишу таваҷҷуҳи муаллифони матлабҳо нисбат ба забони давлатӣ гувоҳӣ медиҳад. Албатта, ба хотири рушди мақоми забони ноби тоҷикӣ новобаста аз касбу ҳунар ва мақому мавқеи шаҳрвандии худ бояд ҳар сокини кишвар дар суҳбату вохўриҳо ва суханрониҳои худ аз минбарҳои расмӣ қоидаву меъёрҳои забони тоҷикиро риоя намояд. Дар хусуси шиору овезаҳо бошад, имрӯз камбуду мушкилот мушоҳида мешавад, ки ин ҳолатҳо аз сатҳи саводнокӣ, таваҷҷуҳ ба мутолиаи китоб ва аз доираҳои илму адаб ва аҳли зиё дар канор мондани ин қишри ҷомеа дарак медиҳад. Вобаста ба ҳалли масъалаи мазкур ва риояи меъёрҳои забони адабӣ, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ аз ҷониби омўзгорони донишгоҳ интихоб шуданд, ки аз бурду бохти он маълумот медиҳанд.

– Дар қиёс ба аҳди собиқ Шӯравӣ забони расонаҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар чӣ тафовут доранд?

– Ба ростӣ оид ба забони воситаҳои ахбори оммаи даврони ҳокимияти собиқ Шӯравӣ чандон огоҳӣ надорам, аммо аз сарчашмаву дигар маълумотҳо, ки аз собиқадорони соҳа огоҳӣ ёфтаем, забони расонаҳои он давра фораму равон буд. Аммо бинобар таъсири дастгоҳи идеологии ҳукумати вақт барои аҳли эҷод меъёри муайяне вуҷуд дошт ва расонаҳо дар таҳияи маводу гузоришҳо бештар аз калимаву вожаҳои русӣ истифода мебурданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ чунин маҳдудиятҳо дар расонаҳо мушоҳида намешавад ва баръакс рӯзноманигорон бештар аз вожаҳои сирф тоҷикӣ истифода менамоянд, ки ин омил боиси рушду такомули забони тоҷикӣ, баланд бардоштани мақому манзалати он дар ҷомеа ва содатару оммафаҳм шудани забони ВАО мегардад.

– Солиёни зиёд аст, ки дар доираҳои адабиву маҳфилу мусоҳибаҳои маҷозӣ баҳсу муҳокимаи бозгашт ба алифбои ниёгон идома дорад. Ба фикри шумо бозгашт ба алифбои форсӣ чӣ мушкил ва ё бартариҳо дорад ва умуман барои имрӯзу ояндаи миллату давлати мо хати кириллӣ хуб аст ё форсӣ?

– Агар ба таърихи забони давлатӣ яъне, тоҷикӣ назар кунем, забони мо се марҳилаи бузурги таърихӣ- давраи қадим, давраи миёна ва давраи нави рушдро аз сар гузаронидааст, ки дар ин марҳилаҳои таърихӣ забони тоҷикӣ мушкилоти сангинро пушти сар намудааст. Марҳилаи аввали рушди забони имрӯзаи тоҷикӣ аз даврони салтанати сулолаи шоҳони Ҳахоманишиён оғоз меёбад, ки дар он давра забони форсӣ қадим ё ки порсӣ-бостон хусусиятҳои мушкилтари хатту алифбо дошт. Зеро, хат дигар асту забон дигар ва вобаста ба шароит, пешрафти рушди забону илму маърифати ҳамон давра хати мехӣ арзи вуҷуд дошт. Хати мехӣ хусусияти ҳиҷогӣ дошт ва забони он давра забоне буд, ки дар муқоиса ба забонҳои марҳилаҳои баъдинаи таърихӣ дар талаффуз ва баён ҳам мушкил буд.
Баъдан дар марҳилаҳои шикасти давлати Ҳахоманишиён аз дасти Искандари Мақдунӣ ва баъдан мағлубияти юнониҳо аз тарафи давлатдории портҳо ё сулолаи Сосониён, баъзе мушкилоти алифбои форсии давраи қадимро ҳини рӯи кор омадани алифбои паҳлавӣ содатар намуд.
Дар марҳилаи баъди шикасти Сосониён ва 150 соли ҳукмронии арабҳо, хату алифбо ва хусусиятҳои забонии худро дар миёни мардуми сарзаминҳои аҷдодони мо ҷорӣ карда буданд.
Баъди шикасти арабҳо ва таъсису ҳукмронии аҳди Сомониён, дар асоси алифбои арабӣ алифбои форсӣ ба миён омад ва дар асоси 28 ҳарфи алифбои арабӣ чаҳор ҳарфи дигари тоҷикӣ илова гардида, алифбои форсӣ ба 32 ҳарф расид. Ин алифбо тамоми вожаҳои ноби тоҷикӣ ва форсиро ифода карда метавонист.
Ҳамин тавр, марҳилаи 3-юми таърихи забони забони тоҷикӣ ё форсӣ аз аҳди Сомониён то аҳди Шӯравиро дар бар мегирад, ки дар ин даврони тӯлонӣ забон марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронид. Рушди забон дар ин давра аз осори шоирони классикӣ ҳамасрони Рӯдакӣ сарчашма мегирад. Дар ин тӯли таърих, ки даврони содаву возеҳ гардидани забони тоҷикӣ арзёбӣ мегардад, осори шоирону нависандагони сабкҳои хуросониву ироқӣ, сабки ҳиндӣ ё сабки бедилӣ ба забону адабиёти баъдинаи мо таъсиргузор буд.
Аз асрҳои XV ба ин тараф аз таъсири сабки бедилӣ то ба даврони Садриддин Айнӣ як давраи мушкилбаёнӣ буд, ки бинобар дастрас набудани маводи таълимӣ ва аз осори гузаштагон дур мондани мардум забони мо дучори мушкилот гардида буд.
Хизмати бузурги устод Садриддин Айнӣ буд, ки бо мақсади ҳарчӣ тезтар соҳиби хату савод намудани мардум хати кириллиро ба вуҷуд овард. Аммо муҳимтарин даврони рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ба даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки маҳз дар ин давра майдони васеи тадқиқи забони давлатӣ ба миён омад. Зеро дар ин давра олимону муҳаққиқон оид ба масъалаҳои гуногуни забон пажӯҳишҳо гузаронида кӯшиш намудаанд.
Дар мавриди гузаштан ба хати форсӣ ва мушкилоту бартариҳои он аз алифбои кириллӣ ҳаминро бояд гуфт, ки мутаассифона, имрӯз ҷомеаи мо дар омӯзиши хатти форсӣ аз сатҳи ибтидоӣ ниёз доранд ва яку якбора гузаштан ба алифбои ниёгон барои мардум мушкилот пеш меорад. Аммо хати кириллӣ хело содатар ва оммафаҳм буда, дар ифода намудани ҳарфу вожаҳои мураккаби арабӣ, ки дар таркиби луғавии забони мо зиёд истифода мешаванд, осонтар менамояд. Дар мисоли як ҳарфи ҳ дар алифбои арабӣ ду навъ буда, тарзи навишту талаффузашон гуногун аст. Аммо дар хати кириллӣ ин гуна ҳуруфот як навъ навишта мешаваду талаффузашон ҳам як хел аст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки тамоми адабиёти пурғановати адибони классикии форс тоҷик бо хатти форсӣ нигошта шудааст ва гузаштан ба хатти форсӣ мардумро ба мероси адабии ниёгон наздиктар месозад. Яъне, гузаштан ба хатти форсӣ дар баробари бартариҳо мушкилоти гуногуни худро низ дорад ва фикр мекунам, масъалаи гузаштан ба хати форсӣ як кам вақт мехоҳад.

– Истиқлолият дар рушди забони тоҷикӣ ва мақому манзалати он чӣ нақше гузошта истодааст?

-30 соли даврони Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон вобаста ба рушди забони тоҷикӣ ва паҳлуҳои гунонгуни омӯзиш ва рушди забон иқдомҳои шоёни таҳсин гирифта шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ Рӯзи забон ё ҷашнвораи алоҳидаи забони тоҷикӣ таъсис дода шуд ва дар баробари мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ он забоне шинохта шуд, ки аз минбарҳои баланди арсаи байналмилалӣ бо забони ноби модарии худ сухан мекунанд. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар забони тоҷикӣ дар олам шинохта шуд.
Дарвоқеъ ҳам саҳми Пешои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули забони давлатӣ хеле бузург аст. Пеш аз ҳама дар ҷаласаву суҳбатҳо аз содагиву оммафаҳм будани забони тоҷикӣ ва паҳлуҳои омӯхтанашудаи забони тоҷикӣ бо аҳли зиё суҳбатҳо мегузарониданд ва оид ба ҳифзи забон ва баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ саъю талоши беназир доранд.
Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангу тамаддуни гузаштагони хеш аз ташаббусҳои хирадмандонаи Сарвари давлати мо баҳри ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ арзёбӣ мегардад. Бозтоби заҳмату қаҳрамониҳои шоирону олимон дар айёми пурталотуми таърих бо асарҳои безаволи хеш забони тоҷикиро то замони соҳибистиқлолӣ оварда расонидаанд, аз иқдомҳои шоистаи роҳбарияти олии кишвар мебошанд. Хизмати арзандаи Пешвои муаззами миллати мо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, ин нашри китоби беназири ў “Забони миллат-ҳастии милат” аст, Президенти кишварамон таърихи пурғановату марҳилаҳои гуногуни гузаштаи забони тоҷикиро тавассути ин асар пешкаши аҳли илму фарҳанг ва мардум гардонид.
Мусоҳиб Юсуфи Собир
Истиқлолият ва “Забони миллат – ҳастии миллат”