Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!

Ҳар сол рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми кишвар дар руҳияи баланди ифтихор аз давлату давлатдорӣ, эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дар муҳити созандаву бунёдкорӣ ва фазои озоди демократӣ истиқбол мегиранд.

Барои касе пӯшида нест, ки Конститутсия номаи тақдири миллат, шарти пешрафти Ватанамон ба сӯйи ояндаи орому осуда, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон буда, дастоварди муҳими тақдирсоз маҳсуб меёбад. Бояд ёдовар шуд, ки дар натиҷаи талошҳои пайвастаи афроди сарсупурдаи миллат, ҳокимияти конститутсинӣ барқарор гардида, зарурати қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба миён омад.
Дар ин замина 6-уми ноябри соли 1994 бо азму иродаи халқи азизамон ва диди тозаи онҳо ба тамаддуни муосир Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, Истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва он ҳамчун шиносномаи миллат давлати Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Маҳз дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта шуда, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда шуд.
Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки солҳои аввали Истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Албатта, агар мо хоҳем, ки дар ҷомеаи амну ором ва идорашаванда зиндагӣ кунем, бояд ҳама гуна чолишҳои зиндагонӣ ва таҳдидҳои ҷаҳони муосирро қаблан пешбинӣ намоем ва алайҳи онҳо сипари устувори маънавиро дар ҷомеаи худ мустақар созем. Маҳз бо ҳамин мақсад дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон ифодаи конститутсионӣ ёфтаанд. Маълум аст, ки аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таърихи худро бо номи фарзандони бузурги худ, ки дар наҷоти ин кишварҳо нақши ҳалкунанда доштанд, пайваст менамоянд.
Имрӯз дар бобати муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат, қабули Конститутсия ва дигар дастовардҳо бояд, махсусан саҳми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид намоем. Бо ифтихор бояд қайд намоем, ки маҳз суханрониҳо ва фаъолияти амалии сарвари давлат дар қалби мардуми кишвар ҷои нотакрор ва сазовори худро ишѓол карда, яке аз асосҳои дастгирӣ ва боварии халқ ба сиёсати пешгирифтаи роҳбари мамлакат гардиданд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар баробари ифтихор аз сулҳе, ки дастоварди бузурги таърихист, ҳамчун сарвати муқаддаси миллӣ ҳифз кардани он бошад, зеро бо баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун музафариятҳои он устувор мегарданд.
Имрӯз, ки дар остонаи таҷлили рӯзи Конститутсия қарор дорем, аз он шукргузорем, ки Конститутсия истиқлолияти моро ҳифз ва якпорчагии Ватанамонро таъмин намуд, халқи парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам овард, шуури миллии моро ташаккул дод, иттиҳоду якдигарфаҳмиамонро қавӣ намуд, осоишу некӯаҳволии халқро таъмин кард, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт. Имрӯз Конститутсия ба рамзи ҳамбастагию дӯстӣ, пояндагию бунёдкорӣ ва ҳамдилию рафоқат табдил ёфтааст. Он сароѓози комёбиҳову ободкориҳои мо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин мебошад.
Махсусан худогоҳию худшиносии миллии мо, тоҷикон ба қабули Конститутсия иртиботи қавӣ дорад, чунки маҳз Конститутсия наҷотбахш ва кафили фардои дурахшони мост. Айни замон бояд ҳамагон дар хотир дошта бошем, ки яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо мақсад ва вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа бояд бошад.
Маҳз дар ҳамин сурат, мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ-эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона муваффақ шавем. Умедворем, ки Шумо чун як фидокори роҳи Ваҳдат дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафолати зиндагии осоиштаву пурнишоту бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат саҳми арзанда мегузоред.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, устодон ва шогирдони азиз!
Возможно, это изображение (один или несколько человек и люди сидят)