Конститутсияро беҳуда ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат намегӯянд, зеро он дар ҳақиқат, роҳи бунёди давлати навини моро кӯтоҳ сохтааст.

Имсол дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханаш қайд карданд, ки «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд». Ба шарофати сиёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади бунёди ҷомеаи демократӣ, давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ, дарҷ шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам санади таърихию муқаддаси давлат буда, танзимкунандаи кулли муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Ин санад дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимои ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дошта, он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудудии давлат, салоҳият ва муносибатҳои онро муайян менамояд. Конститутсия ин кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди тоҷик буда, дар худ тамоми орзую умед ва дастовардҳои аҷдодони гузашта ва имрӯзу ояндаро таҷассум мекунад.
Бояд қайд кард, ки ҳаёти ҳамарӯзаи ҳар яки мову шумо, пеш аз ҳама тавассути меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳое, ки аз он сарчашма мегиранд, ба танзим дароварда мешавад. Боби 2- юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки калонтарин боби он ба ҳисоб меравад ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, 34 моддаро дар бар гирифтааст. Он пурра ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳо, уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандон бахшида шудааст. Мутобиқи Конститутсия давлат ӯҳдадорӣ гирифтааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Чуноне ки аз мазмуни моддаи 14- и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон натанҳо бо қонунҳои миллӣ, инчунин ба воситаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ҳифз карда мешавад.
Хусусияти хоси низоми ҳуқуқу озодиҳои дар Конститутсияи нав муқаррар гардида, аз он иборат аст, ки онҳо бештар ба инсон сарфи назар аз шаҳрвандии вай таъин гардидаанд. Вобаста ба ин, ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон дар Конститутсия инкишоф ёфтаанд ва кафолати онҳо ривоҷ дода шудаанд. Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон мақоми аввалро ишғол менамояд. Ба ҳамин тариқ, низоми ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ самтҳои муҳимтарини алоқаи байни инсону шаҳрвандро ба ҷомеаю давлат дар бар гирифта, мафиатҳои кулли онро ифода менамояд.
Мувофиқи Конститутсияи кишвар ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ аз тарафи давлат ҳимоя мешаванд. Аз ин ҷиҳат, ин ҳуҷҷати сарнавиштсози мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ( моддаи 42) дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Бояд ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд.
Комил ШУКУРОВ,
омӯзгори фанни ҳуқуқ дар Коллеҷи омӯзгории назди ДДБ
Возможно, это изображение (текст «бноябр 6 ноябр рузи конститутсияи чумхурии точикистон муборак бошад! KONC 120 точикисток HY የMM ደ»)