Имрӯз даври сеюми озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар вилоят натиҷагирӣ гардид, ки дар он 9 нафар донишҷӯ ва як омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав барои иштирок дар даври озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Зимни қадрдонии ғолибон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба иштирокчиён ва устодон ва волидони онҳо изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Гуфта шуд, ки ғолибони озмунҳои мазкур дар як самти интихобкардаи худ аз ҷумлаи пешсафон маҳсуб ёфта, вилояти Хатлонро дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Аз руйи номинатсияи химия– Абдураҳмон Давлатов, магистранти курси дуюми ихтисоси химия ва Собирҷон Чоршанбиев, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси химия – биология;
Аз руйи номинатсияи география – Алишер Додов, магистрати курси дуюми ихтисоси география ва Муродҷон Сатторов, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси география-демография;
**Аз руйи номинатсияи технологияи иттилоотӣ **– Қурбоналӣ Наҷмуддинов, донишҷӯи курси панҷуми ихтисоси физика-информатика;
**Аз руйи номинатсияи физика ва астраномия **– Раҷабмо Мӯъминова, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси физика
**Аз руйи номинатсияи биология (ботаника, зоология, анатомия) **– Азизулло Ибрагимов, донишҷӯи курси панҷуми ихтисоси химия-биология ва Орифҷон Азизов, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси химия –биология;
**Аз руйи номинатсияи математика (арифмеика, алгебра, геометрия) **– Ҷамшед Ашуров, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси математика-физика;
Аз руйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ – Ғаффор Пиров, омӯзгори кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ ғолиб дониста шуданд.