Вохӯрии мутахасисони ташкилоти қарзи “ҲУМО” бо донишҷӯёни курсҳои 4-уми факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир шуд.

Дар вохӯрӣ Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим, мудири кафедраи фаъолияти бонки ва омӯзгорон иштирок доштанд.
Кормандони ташкилоти қарзии “ҲУМО” Исмоилова Ясмина ва Саидова Фирӯза, дар мавзӯи “Шиносоӣ бо ташкилоти қарзии “ҲУМО” ва маҳсулоти хизматрасонӣ” маълумоти муфассал доданд.