Тараққиёти суръати илму техника ва технологияи навин дар садаи бисту як ва замони ҷаҳонишавии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи башарӣ ба мутахассисони сатҳи баланди касбидошта, ниёзманд мебошад. Ғояи асосии азнавсозии зинаи болоии таълими умумӣ дар фардикунонӣ, ташкили таълими равиявӣ, тафриқавӣ ва баланд бардоштани муваффақиятнокии таълим мебошад.

Гузариши системаи маорифи ҷумҳурӣ ба таълими равиявӣ то як андоза тағйир ёфтани мақсад ва вазифаҳои таълими химия ва дигар фанҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна тақозо менамояд, ки ба қонеъ гардонии шавқу завқ ва талаботи хонандагон, ба рушди шахсияти хонанда, ташаккул додани доираи ҳавасмандӣ (мативатсия), маърифатӣ,зеҳнӣ ва қобилияти эҷодӣ равона карда мешавад. Мувофиқи Консепсияи мактаби миллӣ муассисаи таълимӣ ва нақшаӣ бояд ба ҳама насли ҷавон аз рӯи хоҳиш ва майлу рағбаташон барои гирифтани маълумоти зарурӣ имконият диҳанд.
Кӯдакону ҷавонони болаёқатро муайян намуда, ба онҳо муҳаббатро нисбат ба касбҳои дилхоҳашон ташаккул диҳад. Барои баланд бардоштани сифати таълими равиявӣ ва фардии онҳо иҷрои стандартҳои давлатии маълумоти миёна дар асоси гуногунии муассисаҳои таълим ва вариантнокии барномаҳои таълим, системаи чандирии омӯзиш дар ин равияҳо дар синфҳои болоӣ, аз он ҷумла зинаҳои ибтидоӣ, асосӣ, миёна ва олии таълими касбӣ таъмин карда шавад.
Ҳангоми ташкили равиявии табии (химия ва биология) ва ғайраҳо бояд чунин талаботҳо ба назар гирифта шавад. Аз ду соат кам набудани фан, ки асоси таълими миёнаи умумиро ташкил мекунад: барҳам додани бисёрфаннӣ аз ҳисоби интегратсияи хониши фанҳои таълим. Ин раванд аз нав дида баромадани мазмун ва сохтори фанҳои таълимӣ аз ҳисоби ғояҳои умумӣ ва назариявии консепсия: пайдарпайии таълими илми табиатшиносиро талаб менамояд.
Гузариш ба таълим дар равияҳо дорои чунин мақсадҳост:
– таъмин намудани омӯзиши фанҳои алоҳида, барномаҳо то таҳсилоти пурраи умумӣ;
– муҳайё намудани шароит барои тафриқа намудани мазмуни таълими синфҳои болоӣ бо имкониятҳои васеъ ва чандирии истифода бурдани хонандагон аз барномаи таълими фардӣ;
– васеъ намудани шароитҳои касбинтихобкунии таълими хонандагон, таъмини пай дар пай дар байни таълими умумӣ ва таълими касбӣ аз он ҷумла тайёр кардани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои аз худ намудани барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ.
Таълими химия дида баромадани масъалаҳои муҳими ташкили таълими равияҳо, яъне имкониятҳои гуногуни ҷо ба ҷо намудани фанҳои таълимиро дар зинаҳои боло дар назар дорад. Аз ин ҷо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки системаи таълим дар равияҳо бояд типпи фанҳои асосӣ (базавӣ) таълими умумиравиявӣ ва элективиро дар бар гирад.
Инчунин, ҳангоми амалӣ намудани таълими равиявӣ дар рафти кори таҷрибавӣ-озмоишӣ якчанд проблемаҳо пайдо шудаанд:
– омӯзгороне, ки дар синфҳои равиявӣ кор мекарданд, технологияи педагогӣ, аз он ҷумла методикаи ташкили фаъолияти лоиҳавӣ ва таҳқиқотиро дуруст намефаҳманд;
– ҳуҷҷатҳои мавҷуда оид ба аттестатсияи ҷамъбастии хатмкунандагон дар бисёр ҳолатҳо ба ҳаракати муассисаҳои таълимӣ доир ба ташкили модели таълимӣ мувофиқат намекард, чунки дар сатҳи меъёрии тафриқавӣ талабот ба сатҳи тайёрии хонанда мавҷуд набуд;
– кори ба шакл даровардани таълими фардии хонандагон оид ба интихоби шакли фаъолияти таълимӣ, аз он ҷумла кори мустақилона дар китобхона, архив, лаборатория ва ғайра қариб набуд;
Проблемаҳои дар боло номбаршударо таҳлил намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар сатҳи консепсияи умумии равиявии таълим мазмуни мафҳумҳои «равиявӣ» ва «чуқур омӯхтан» пурра муайян карда нашудааст.
С. ХОЛНАЗАРОВ, профессор
Возможно, это изображение (8 человек, люди стоят, еда и в помещении)