Бо ибтикори кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Иҷлосияи таърихии тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он” баргузор гардид.

Маҳфилро Л. Шарипова оғоз намуда оид ба нақша ва мавзӯҳои барасишаванда иштирокчиёни маҳфилро шинос намуд.
Сипас Тоҷиддин Исозода, декани факултети таърих ва ҳуқуқ баромад намуда, қайд кард, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон, ки воқеан орзуи беш аз ҳазорсолаи ниёгони сарфарози мо баъди пош хӯрдани давлати бузурги Сомониён буд, бо роҳбарии бевоситаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои охир корҳои зиёде анҷом дода шуд, Натиҷаи ҷаҳду талошҳои шабонарӯзӣ ва ҳамин дастовардҳо аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйи солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон бо унвону мукофотҳои сершумори байналмиллалӣ сарфароз гардидааст. Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд.гузаронидани маҳфилҳои илмии донишҷӯён мутобиқи барномаи таълимӣ сурат мегирад. Бинобар он донишҷӯён ба маҳфил бояд бо тайёрии хуб ҳозир шаванд.
Дар идомаи суханронӣ қайд кард, ки хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард, 27 июни соли 1997 барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро шароит фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.
Дар ин баробар донишҷӯён Соҳибназарова Маҳина, Алимаҳмадзода Фотима, Боймуродова Субҳина, Бекмирзоева Соҳиба, Ҳадямоҳи Маҳмадраҷаб ва Ҳамидзода Шоира оид ба масъалаи мазкур баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Донишҷӯён ёдовар шуданд, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ мо таҳти сарвари Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллии нав гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.