Дар асоси нақшаи кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши директори Агентӣ санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро мавриди санҷиш қарор дод.

Комиссияи санҷишӣ дар ҳайати 10 нафар зери роҳбарии Хурсанд Содиқзода, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми ноябр оғоз гардида буд, имрӯз ҷамъбаст гардид.
Ҷамъбасти натиҷаи санҷиш дар бинои асосии донишгоҳ доир гардида, дар он муовинони ректор, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст, Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим баромад намуда суханро ба Довуд Ализода, сардори шуъбаи баҳодиҳӣ ва маниторинги сифати таҳсилоти агентӣ дод, то аз натиҷаи санҷиш маълумот диҳад. Номбурда зимни суханронӣ оид ба дастоварду муваффақият ва камбуиву норасоии донишгоҳро дар ду соли охир таҳлил кард.