Зиҳӣ, эй Пешво, дарёфтам, бешак,
Худо бо туст, Ҳаводорат на танҳо ин замин, балки само бо туст.
Ба ҳар саъйе камар бастӣ, зи тасмимат намегардӣ,
Ту нотарсӣ, далерӣ, бовиқорӣ, фахри мо бо туст.
Ҳаросу тарс хирман мекунад аз ҷуръатат душман,
Шукӯҳу фарри Яздон, иқтидори кибриё бо туст.
Кунад шукрона гул аз ҳар лаби марзе, ки по монӣ,
Ту боронӣ, сафову файзу эҳсону сахо бо туст.
Фуруд аз «Шоҳнома» омадӣ баъд аз ҳазорон сол,
Ҷасурӣ, беҳаросӣ, нанги миллатро бақо бо туст.
Рустами ХОМАРАХШ,
профессори кафедраи адабиёти тоҷик
Возможно, это изображение (1 человек, стоит и сидит)