Имрӯз 25-уми ноябри 2021 дар кафедраи сохтмони факултети техникӣ ва технологии ДДБ ба номи Носири Хусрав маҳфили “Сохтмончиён” баргузор шуд, ки дар он Файзиддин Муродзода, декани факултет, Абдуғафор Рузимуродов, ҷонишини декан оиди тарбия, Сафарбек Абдуллоев, мудири кафедраи сохтмон, Нуралӣ Қурбонов, саромӯзгори кафедраи сохтмон, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Нахуст, Маҳмадулло Зубайдов, роҳбари маҳфил баромад намуда нақшаи маҳфилро пешниҳоди иштирокчиён гардонид.
Дар рафти баргузории маҳфил Файзиддин Муродзода, декани факултет ва Нуралӣ Қурбонов, саромӯзгори кафедраи сохтмон баромад намуданд.
Дар идомаи маҳфил Муҳаммад Давлатов, донишҷӯи курси 2 ихтисоси санҷиш ва идораи амволи ғайриманқул дар мавзӯи “Сохтори панҷараи кристалӣ ва фазогӣ” ва Ҷонибек Раҳимов, донишҷӯи курси 2 ихтисоси санҷиш ва идораи амволи ғайриманқул дар мавзӯи “Усули буриш ва истифодаи он” баромад карданд.
Маҳмадулло Зубайдов,
роҳбари маҳфил