Имрӯз сайёраи Замин аз падидаҳои номатлуб дар ҳарос аст, ки яке аз он вокунишҳои террористон ба ҳисоб меравад. Терроризм хусусияти ифротгароӣ дошта, пайваста барои ноором гардонидани ҷомеа кӯшиш мекунад. Онҳо бо мақсадҳои гуногуни палидона гурӯҳҳо ташкил намуда, ба вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ дахолат мекунанд.
Барои пурқувват намудани гурӯҳҳои хеш, ба воситаи ваъдаҳои пучу беасос мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Имрӯзҳо бешубҳа, дар сомонаҳои иҷтимоӣ навору паёмҳое, ки диққати истифодабарандагони интернетро ба худ ҷалб мекунанд, кам нестанд.
Дар байни ин паёмҳо ҳастанд наворҳое, ки инсонро ба ваҷд меоранд ва бисёриҳо фирефтаи дурӯғу дасисаҳои беасоси онҳо мегарданд. Бо ваъдаҳои додани маблағи калон, талош мекунанд, ки сафи ҳамрадифони худро бештар намоянд. Албатта, то ба ҳадде ба мақсади худ мерасанд. Дигар ҷанбаи зиёд шудани сафи гурӯҳҳои террористӣ, ин асири хурофот шудани бархе аз ашхоси ҷомеа мебошад.
Он нафороне, ки бештар ба хурофот дода шудаанд, ба суханони беасоси саркардаҳои ифротгароён бовар карда, узви он мегарданд. Асири ақидаҳои ғалатӣ мешаванду таъсири манфии худро ба ҷомеа мерасонанд. Худро мусулмон метарошанду гӯё барои дини Ислом хизмат мекунанд.Террорист дин, миллат, мазҳаб, давлат, фарзанд, волидайн надорад.
Дар баробари ҳамаи ин қайд кардан ба маврид аст, ки мо ҷавонон яке аз афроди хушбахттарини қишри ҷомеа ба ҳисоб меравем. Пас, ҳар яки моро мебояд, пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи марзу бум ҳамеша омода бошем, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти мо ҷавонон аст.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси журналист – тарҷумон
Возможно, это изображение (8 человек, на открытом воздухе и текст «STOP»)