Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва роҳҳои мошингард барояш чун шоҳрагҳо лозим мебошанд. Кофӣ аст, ки яке аз ин роҳҳо ба муддати чанд соат баста шавад, мебинем, ки дар ин ҷода чи қадар мошин ҷамъ мешавад ва дар гӯшаи дигари он бошад, нарху наво билофосила боло меравад. Барои он ки чунин ҳодиса рух надиҳад, Ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, ки дар Тоҷикистон роҳҳои мошингарди сатҳи байналмилалӣ сохта шаванд. Ва ҳамон тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2021 хеш ба Маҷлиси Олии ҶТ зикр карданд: «Дар даврони Истиқлолият дар мамлакат 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ин раванд, мо бояд солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалиро сохта, ба истифода супорем. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад».
Мо дар навиштаи худ аз бунёди роҳҳо барои он шурӯъ кардем, ки нишон диҳем, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон чи корҳоеро дар масъалаи роҳсозӣ анҷом дода истодааст ва бо овардани рақамҳо мехостем, нишон диҳем, ки чи маблағҳое барои бунёди роҳҳо сарф шуда истодааст. Ин маблағҳо маблағҳои андак нестанд. Дуввум, ин ки роҳҳои мошингард ва дар маҷмӯъ, ҳар гуна роҳ барои кишвари кӯҳистонии мо хеле муҳим ва ба қавли маъруф ҳаёту мамотанд.
Ҳамин чанд соли пеш кишвари мо даргирӣ муноқишаҳои дохилӣ буд ва фикри мардум фақат ба зинда мондан банд буд, дар бораи ободию сохтмонсозӣ ва роҳсозӣ ҳарфу ҳадисе ҳам набуд. Аммо имрӯз бубинед, ки чи корҳое шуда истодааст. Корҳои бесобиқа. Мо дар тӯли ҳафтод соли Ҳукумати Шӯравӣ чунин корҳоро анҷом надода будем. Сарфи назар аз он ки давлати абарқудрати Шӯравӣ будҷаи хеле калоне дошт ва барои ӯ сохтани неругоҳу корхона ва дигар иншоотҳо мушкилие ба бор намеовард.
Ҷавонони даврони Истиқлол хеле чизҳоеро, ки мо насли калонсол ва аз мо ҳам калонсолтар дида буданд, надидаанд ва хеле сода фикр мекунанд, фикр мекунанд, ки мисле, ки имрӯз бо як фишор додани дугма чанд амале иҷро мешавад, қаблан низ чунин будааст, не бародарони азиз, падарону бобоёни мо хуни ҷигар шуда буданд, то битавонанд ҷумҳуриеро бо номи Тоҷикистон ташкил бидиҳанд ва аз саҳлангорию бефаҳмӣ кам буд, ки мо дар солҳои 90-уми қарни ХХ онро аз даст бидиҳем. Бо хости Худо ва раҳми Парвардигор ва ҳиммати миллати куҳанбунёди тоҷик ва хусусан, Пешвои хирадманди он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садди роҳи хунрезӣ ва пароканда гардидани миллату давлат гирифта шуд. Ва мо имрӯз дар фазои орому осуда зиндагонӣ мекунем ва аз тамоми неъматҳои дунё бархӯрдорем. Аммо медонед, ки душманони миллати мо ором нанишастаанд, онҳо ҳар чизеро баҳона карда, бар сари мо санг мезананд, моро мешӯронанд ва мехоҳанд, бори дигар моро ба гирдоби обу оташи ҷангу нооромӣ бикашанд.
Онҳо хуб медонанд, ки насли ҷавони бисту бисту панҷсолаи мо аз ҳаводиси солҳои 90 –ум қарни ХХ Тоҷикистон бехабаранд, агар хабар дошта бошанд ҳам аз рӯзномаҳо ва тавассути симо дидаанд ва намедонанд, ки мо чи рӯзҳои сахтеро паси сар кардаем. Душманони мо одитарин мушкилотро баҳона карда, ҷавонони бетаҷрибаи моро ба доми ҳар бало тела медиҳанд. Ҷавононро лозим аст, ки ҳушёр бошанд, фирефта нашванд, ба доми ин авомфиребонд наафтанд. Давлатдои корӣ осон нест. Давлатро муназзаму мураттаб кардан ва онро ба ҷодаи дурусти тараққиёту рушд гузоштани кори ҳар кас нест. Аз ин рӯ, ҷавонони моро лозим аст, ки бештар мутолиа кунанд, биомӯзанд, то хубро аз бад фарқ карда тавонанд. То битавонанд, дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ тасмими дуруст бигиранд. Ҳаёти худ ва бастагони худро дар хатар нагузоранд. Ман бисёр мешунавам, ки аз қимат шудани нарх ва боло рафтани нархи нону орд ва роҳкирою маводи сӯзишворӣ ҳарф мезанад ва фикр мекунанд, ки нархҳоро ким-кадом роҳбаре танзим мекарда бошаду ҳар вақте бихоҳад, нархро ба суди худаш баланд мебардорад. Ҷавонони азиз ва гиромӣ ин тавр нест. Мо ба ҷомеаи мутамаддин пайваст шудаем, ҳар чизе, ки дар дунё рух медиҳад, билофосила акси он дар ҷомеаи мо инъикос меёбад. Мо дигар дар инзиво нестем, дарҳои оҳанини Шӯравӣ кайҳо шикастаанд ва ҳеҷ чизе нест, ки моро аз балоҳои охири замон наҷот диҳад, ба ҷуз аз ақлу дониш ва зиракии худи мо. Мо бояд худкифо бошем, рӯйи пойи худ рост истода тавонем, хубро аз бад фарқ кунем. Манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсию қавмӣ боло гузорем. Ба қавли маъруф давлатдор бошем. Ба мисли миллатҳои дигар мустақилона фикр кунем, масири зиндагии худро пайдо кунем. Нагузорем, ки дигарҳо барои мо андешҳои худро таҳмил кунанд. Дар ҳамаи рафтору кирдори хеш худкифо бошем. Қаноатро пеша карда, хештандор бошем. Зудбовар набошем. Ба ҳар коре пас аз баррасию мутолиа бипардозем. Мо мушкилоти ҷомеаро хуб медонем ва ҳамаи давлатҳо аз хурд то бузург ба мушкилотҳои гуногун мувоҷеҳ мебошанд. Аммо ин далеле намебошад, ки мо низоми ҷомеаро ба ҳам резем ва ба қавли маъруф ҳамаро зеру рӯ кунем. Мо бояд мушкилотро пайгирӣ кунем, роҳҳои ҳалли онро биҷӯем ва дар чаҳорчӯби қавонин амал кунем. Ҳамон тавре ки мардум дар ҷомеаҳои мутамаддин ин корро анҷом медиҳанд. Мо барои ба ҳадафу мароми худ расидан талош кунем ва дар чаҳорчӯби қовонин ҳаққи худро аз мароҷеи зирабт талаб кунем ва ба ҳеҷ ваҷҳ даст ба харобкорию қонунвайронкунӣ назанем, балки дар масири беҳтар кардани қавонини зиндагии хеш фикру ҳаракат кунем. Ҳодисаҳое, ки гоҳу ногоҳ дар ин ё он гӯшаи Ватани азизамон рух медиҳанд, аз сӯйи расонҳои ахбори ҷаҳон ба суди душманони мо талаққӣ мешаванд. Мо инро бояд донем ва фирефтаи онҳо нашавем. Масалан, ҳамин ҳодисае, ки чанд рӯз пеш дар Бадахшон рух дод, якуякбора душманони мо ба он ҷомаи сиёсӣ пӯшонда ва ба он тамоми давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳгор кардан гирифтанд. Агар мо ба кишварҳои Амрикоӣ, Урупоӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон нигоҳ кунем, мебинем, ки дар онҳо низ чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд, аммо аз чи бошад, ки мухолифин онҳо ба он ҳаводис билофосилаи ҷомаи сиёсӣ намепӯшонанд ва он ҳаводис як ҳаводиси маъмулӣ ва одӣ талаққӣ мешавад. Аз ин рӯ, ҷавононро, ки теъдоди бештари аҳолии мамлакати моро ташкил медиҳанд, лозим меояд, ки саросема нашаванд, якуякбора тасмим нагиранд, мегӯянд, ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд, аз калонсол асли қазияро бипурсанд, худ низ ҷустуҷӯ кунанд ва ба асли матлаб рафта бирасанд.
Медонед, ҷомеае, ки дар он мардум бисёр мутолиа мекунад, он ҷомеа ба дастовардҳои бузург ноил мешавад. Аз ин рӯ, ман ҷавононро ба он даъват мекунем, ки аз фурсати хуби зиндагӣ, яъне ҷавонӣ истифода кунанд, бисёр мутолиа кунанд, ҷаҳони маънавии худро бисозанд ва дар масири худшиносӣ, хештандорӣ ва ватандорию миллатдӯстӣ ва дар маҷмӯъ, инсондӯстӣ ҳаракат кунанд. Бидонанд, ки ҷавонӣ мисли аспи даванде аст, ки зуд мегузорад ва онро дигар баргардонида намешавад. Аз ин рӯ, ояндаи худро аз ин рӯз бисозанд. Ва собит кунанд, ки онҳо ворисони тамаддуни оламшуми ориёию тоҷикӣ мебошанд.
Шарифзода Шарфифхон,
Сайдамиров Сорбон,
омӯзгорони кафедраи МТИ ДДБ ба номи Носри Хусрав
Возможно, это изображение (7 человек, люди стоят и на открытом воздухе)