Омўзиши ҳама гуна илмҳо бузургтарин яроқест, ки инсон тавассути он метавонад худро аз ҳар гуна хатарҳо муҳофизат намояд. Воқеан ҳам, дар чунин давлати зебою дилоро, ки дар фазояш оромӣ ҳукмфармост умр ба сар бурдан неъматест бузург, зеро муҳити имрўза барои омўзиши тамоми илмҳо бениҳоят фаррох аст ва имкон медиҳад, ки ҳар як шахс пайи омўзиши зиёд қуллаҳои баланди муваффақиятро фатҳ кунаду ба комёбиҳои дучанд ноил гардад.
Зиндагӣ саросар омўзиш аст, зеро ҳамвора дар пешравист. Илм бошад беканор аст ва баҳри пуртўғёнеро мемонад, ки сарҳади муайян надорад. Агар мо умре пайи омўзиши ин баҳри пуртуғён пардозем шояд аз чанд қатрааш баҳравар гардем.
Ҷаҳолат иллатест, ки инсонҳои бефикру беақидаро ба коми худ мекашад, ки ин аз надоштани илму дониши онҳо дарак медиҳад. Инсон дар натиҷаи омўзиши пайваста зираку ҳушёр ва бохираду солор мегардад, ки ҳеҷ гоҳ ба доми ҷаҳолат намеафтад.
Дар олам ду шахс хору залил мегардад, нафаре, ки омўзиш накардаст, дигаре омўхтаасту амал накардаст. Барои хору залил нашудан ва ранҷи беҳуда накашидан пайваста ба омўзиш машғул шудан лозим, ки ҳар душворие тавассути омўзиш осон мегардад.
Фарзона АБДУРАҲМОНОВА,
донишҷўйи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик, ихтисоси рўзноманигорӣ
Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят и люди сидят)