Илму дониш асоси ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсонист. Донистани илм вобаста ба забондонист. Дар давраи ҳозира мо аз техникаву технологияхои замонавӣ истифода мебарем. Ҳамаи таҷҳизоти техникӣ бо забонҳои хориҷӣ ба давлати мо ворид мешаванд. Ва мо барои донистани онҳо бояд забонҳои хориҷиро ҳам ба мисли забони модариамон донем. Ҳамин тавр мо метавонем илмҳои замонаамонро аз худ кунем.
Илм таърихи хеле қадима дорад. Дар дунё қуввае нест, ки ба пайдоиши илм ва инкишофи он сади роҳ шавад. То замоне, ки ҷамъияти инсонӣ арзи вуҷуд дорад, илм дар тараққӣ аст. Чунки пешрафти ҳаёти инсониро бе он тасаввур кардан имконнопазир аст.
Онҳое, ки дар инкишофи илм саҳми арзанда мегузоранд, на факат ба халқу миллати худ, балки ба аҳли башар хизмат мекунад. Ҷавононе, ки қобилияти хуби фикрронӣ доранд ва зеҳни тез насибашон гаштааст, бояд вақтро сарфи илму маърифат созанд.
Юсуфҷон ҲАСАНОВ,
донишҷўи курси 1 факултети забони русӣ
Возможно, это изображение (1 человек)