Имрўз ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бештар ҷавононро, ки идомадиҳандаи ҳар як давлату миллати соҳибистиқлол маҳсуб меёбанд, ба доми худ равона карда истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманданд мавриди таваҷҷуҳ қарор додаанду барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони мамлакат чораҳои заруриро пайваста амалӣ мегардонад.
Ин албатта бесабаб нест, зеро ҷавонон нерўи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат ба ҳисоб мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешво миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш маҳз дар ин робита чунин иброз карданд: «Солҳои охир тероризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Аз ин рў, мо ҷавононро мебояд, ки ба қадри сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ва пойдории истиқлолияти кишварамон бирасем ва барои пешгирӣ намудани ин вабои аср таваҷҷуҳи худро ба омўхтани илму дониш аз худ кардани касбу кори гуногун равона созем.
Хайрулло САЪДУЛЛОЕВ,
донишҷўи курси 3-юми факултети филология, ихтисоси рўзноманигорӣ
Возможно, это изображение (текст «TEPPO pи3m»)