Падарҷон! Ай равшангари хонадон, ай нурбахши ҷисму ҷон, эй ҳастии дунёи имрўзам, чӣ қадар бузургу арҷмандӣ, ки дар шеърҳоям мехоҳам васфат кунам, аммо дар сифоти бузургият қаламам оҷизу забонам бошад лол аст. Эй падарҷон, суханҳои ширини ту бароям дурдонаҳои ноёбанд. Панд медиҳӣ то фарзандонат дар руҳияи хубе баркамол расанд ва дастёри хонадон гарданд. Орзуи онро дорӣ, ки фарзандонат қадамҳои устувор дар роҳи пурпечутоби маърифат гузошта, илмҳои зиёдеро аз бар кунанд, қарзи бузургу инсониро, ки эҳтиром бар инсоният аст, ба ҷо оранд ва доимо ҷомаи ахлоқу тамкин дар бар дошта бошанд.
Дар хурдсолӣ мегуфтам, ки вақте калон шавам ҳеҷ гоҳ аз баратон дур нахоҳам шуд. Дар ҳар қадаме, ки дар роҳи зиндагӣ мениҳед, ҳамроҳатон хоҳам буд. Туро дўст медорам, падарҷон. Намехоҳам, аз барои фарзандон бори сангине бар дўш дошта бошед, чун бори зиндагӣ бисёр кашидаед ва дар роҳи тарбияти мо бас ҷафоҳо дидаед. Таҳаммули он лаҳзаро надорам, аз барои рафтори нохуби фарзандонат сухани қабеҳ бишнавед.
Модарам дар хурдиям мегуфт: «Сутуни хонадон падарат аст», вале намедонистам ва дар хаёлам низ намегузашт чи тавр шумо сутуни хона буда метавонед. Акнун зиндагӣ бароям чунон дарсе омўхт, ки маънии ҳар каломи модарамро фаҳмидам. Бори гарони зиндагиро таҳаммул карда, ба китфат гирифтаӣ, муқобили ҳар сахтӣ, ки ба сарамон меояд, бароямон худро сипар менамоӣ.
Имрўз хостам, он ҳама сифоти накуятонро рўи авроқи сафед бинависам, аммо дастам дар ларзиш, чашмонам дарёи пур аз ашк, вуҷудам дар эҳсоси қалби покат ва гўшам ба хотири шунидани сухани ширини шумо муштоқ аст. Ҳар гоҳе он машақатҳое ки баҳри мо кашидаӣ ба хотирам меоварам, ашк аз чашмонам ҷорӣ гаштаву забонам бошад лол мемонад.
Он аксро дар хотир дорам, рўзи мавлудат бо ҳамроҳи бародаронам гирифта будем. Ҳар гоҳ ба он назар мекунам, ба худам мегўям, падарҷон ба сўям табассум мезанад. Он чеҳраи хандонат баҳои ду ҷаҳон аст. Аз Худои мутаъол фақат таманнои онро дорам, ки доимо зиндаву сарбаланд ва дилу рўҳи аҳли хонадон бошед.
Раҳмоналӣ РАҶАБЗОДА,
донишҷўи курси 4-уми ихтисоси журналист – тарҷумон
Возможно, это изображение (1 человек, ребенок, стоит, на открытом воздухе, дерево и текст)