Имрӯз 18-уми январи соли 2022 дар Маркази илмӣ – таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудвввар дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти Ҷалолуддини Балхӣ” бо иштироки донишҷӯёни бахши Маркази фосилавии факултети филологияи тоҷик доир гардид.

Раҷабалӣ Худоёрзода, директори Маркази илмӣ – таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” баромад намуда зикр гардид, ки Ҷалолуддин Муҳаммади Румӣ фарзанди Баҳоуддин валад соли 1207 дар оилаи шахси рӯҳонӣ дар шаҳри Балх ба дунё омадааст. Тарбияи давраи кӯдакии ӯ дар назди падар гузаштааст. Падараш барои зиёрати Макка ба Ҳиҷоз сафар мекунад. Баҳоуддини валад-падари Ҷалолиддини хурдсол дар бозгашти сафар вилояти Қунияи Румро писандида, он ҷоро истиқомати доимии худ ихтиёр мекунад. Ҷалолуддин соли 1225 ба Гавҳархотун ном духтари самарқандӣ хонадор мешавад. Ӯ аз муридону шогирдони падари худ таълим гирифта, дониши худро сайқал медиҳад. Ҷалолуддин дар шаҳри Ҳалаб 6 сол таҳсил намуда, дар онҷо ба шайхи машҳури замон Шамси Табрезӣ мулоқот кардааст. Баъд аз шиносоӣ, Ҷалолуддин Шамси Табрезиро роҳбари маънавии худ қарор медиҳад. Ҷалолуддини Румӣ соли 1273 дар Қуния вафот мекунад.
Абдулҳай Комилӣ, доктори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникии донишгоҳ суханронӣ кард. Гуфта шуд, ки Ҷалолуддини Румӣ фаъолияти адабӣ ва эҷодии худро хеле барвақт оғоз намудааст. Эҷодиёти ӯ аз “ Маснавии Маънавӣ”, ки дорои шаш дафтар мебошад ва “ Девони кабир ” иборат аст. “Маснавии маънавӣ ” асари фалсафӣ буда, ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаётӣ бахшида шудааст. “Маснавии Маънавӣ” даҳ сол пеш аз вафоти шоир эҷод карда шудааст.
Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки “Маснавии Маънавӣ” яке аз бузургтарин асари барҷастаи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. “Маснавии Маънавӣ” аз қиссаҳои мухталиф иборат мебошад, ки ҳама саршори панду ахлоқ мебошанд. Ашъори панду ахлоқии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бахусус, “Маснавии маънавӣ” ба чандин забонҳои дунё тарҷума шуда, айни замон серхонандатарин китоби ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Акбар Ниёзӣ, мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ дар суханронии хеш қайд карданд, ки Ҷалолуддини Румӣ ба мо асарҳои дигари ӯ “Мактубот” ва “Девони Шамси Табрезӣ” боқӣ монанд. Ашъори Ҷалолуддини Румӣ аз ду қисм иборат аст. Як бахши осори ӯ ба таври манзум сароида шудааст. Қисми дуюми ашъори ӯро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳад. “Девони кабир” зиёда аз се ҳазор ғазал ва анвои дигар шеър, аз ҷумла рубоиро дар бар мегирад. Ҷойи асосиро дар девон ғазалиёти ӯ ишғол мекунад. Бештари ғазалҳои худро бо тахаллуси Шамси Табрезӣ эҷод намудааст. Бинобар ин, ғазалиёти ӯ бо номи “Куллиёти Шамси Табрезӣ” ё худ бо номи “Куллиёти Шамс” ё “Девони кабир” маълуму машҳур гаштааст.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ