Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳуҷҷати муҳими раҳнамунсози ҷомеа самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайн намуда, дар он соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсола дастовардҳои даврони истиқлолият, рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишваро барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои ба анҷомрасидаро ёдовари намуданд.
Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 милиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфт. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд. Тавре ки борҳо зикр намудаанд, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.
Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некуавҳолии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Барои пешгирӣ кардани чунин вазъ, Ҳукумат нақша – чорабиниҳои иловагӣ қабул карда, дар доираи он ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкориҳо бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ намуданд.
Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ талаб менамояд, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуботи саноатикунонӣ аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Дар ин раванд, ба самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди нерӯи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тарақиёти минтақаҳо афзалият дода мешавад.
Инкишофи устувори минбаъдаи кишварро дар шакли индустриалӣ ва иноватсионӣ пешбинӣ карда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷиҳати роҳ надодан ба осебпазирии иқтисодиёти миллии кишвар дар давраи дарозмуҳлат тадбирҳои алоҳидаро амалӣ кардан лозим меояд.
Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Бо мақсади иҷрои ин вазифаҳо ва ноил шудан ба пешрафти саноати кишвар то ба имрӯз як қатор барномаҳои соҳавӣ татбиқ гардиданд, ки ба тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд.
Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла коркарди пурраи нахи пахта як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
Илова бар ин, барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқарар гардида, маблағи умумии онҳо дар солҳои охир зиёда аз 20 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин маблағҳо бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ба ихтиёри соҳибкорон гузошта шудаанд.
Инчунин, Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат қайд намуданд, ки татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи саноати истихроҷ ва коркард нишон дод, ки вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти молҳои саноатӣ ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон бартараф кардан ва барои содироти минбаъдаи онҳо замина фароҳам овардан мумкин аст.
Робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат тавассути таъмин намудани истеҳсолоти ватанӣ ва кам кардани монеаҳои маъмуриву техникӣ тадриҷан густариш ёфта, Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохта шудааст.
Дар доираи татбиқи барномаҳои зикршуда мо бояд маҷмӯи чорабиниҳо доир ба фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши маҳсулот ва зиёд кардани номгӯи молҳои содиротиро амалӣ намоем.
З. Асроров,
мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ
Возможно, это изображение (1 человек и стоит)