Дар асоси дастури раёсати донишгоҳ барои амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” аз 30 июни соли 2021, № 268 аз ҳисоби устодони пуртаҷрибаву мутахассисони забоншиноси кафедраҳои забони тоҷикӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик гурӯҳҳои корӣ созмон дода шуда, дар тамоми факултетҳои донишгоҳ мизҳои мудаввар ва семинарҳои илмию омӯзишӣ гузарониданд.
Ин ҳамоишҳо таҳти роҳбарии муовини раиси комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишгоҳ н.и.ф. Шарипов С.И. ва декани факултети филологияи тоҷик н.и.ф. Назаров М.Н. сурат гирифт.
Аввалан, дар факултети филологияи тоҷик мизи мудаввар бо иштироки васеи олимону профессорон ва омӯзгорону кормандон перомуни ин масъала баргузор гардид, ки дар кори ин ҳамоиш маърӯзаи омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ Раҳмонов Муҳамурод шунида шуд. Дар он муҳимтарин нуктаҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ баррасӣ гардида, барои татбиқи он чораҳои судманд пешниҳод гардид.
Воқеан, ҳар як фарди дилогоҳ ва шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки аз Қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ бархӯрдор бошанд ва онро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар қарори мазкур риояи меъёрҳои савтиёти забони тоҷикӣ ба назар гирифта шудааст. Аз ин ҷиҳат, дастур дода шудааст, ки тамоми ҳуҷҷатнигориву санадгузорӣ, раванди таҳсилот, нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва асарҳои бадеӣ боназардошти Қоидаҳои имолои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ роҳандозӣ гардад.
Ба ин хотир, гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии мудири кафедраҳои забони тоҷикӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, дотсентон Саидов Ҷ. ва Маҳмадалиев С. рӯзҳои 26, 27 ва 28 январи соли ҷорӣ дар факултетҳои донишгоҳ бо иштироки васеи омӯзгорону кормандон масъалаҳои муҳимтарини ин қарор барои корбариву амалишавии он машварату суҳбатҳо гузаронида шуданд. Зимни ин суҳбатҳо ба таваҷҷуҳи омӯзгорон расонида шуд, ки таълифи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, нашри монография, мақолаҳои илмию методӣ ва таҳияи саволномаҳои тестию имтиҳонотиро дар асоси меъёрҳои забони адабӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ ба роҳ монанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ин масъала ба ворисони забон чунин дастуру ҳидоятҳо манзур намудаанд: “Донишмандони забоншиноси мо дар хотир бояд дошта бошанд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад”.
Дар ин самт, омӯзгорону кормандони соҳаи маориф бояд пешоҳанг бошанд, то онҳо нутқи навишторӣ ва кору пайкори хешро ҳар чӣ зудтар тибқи ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд. Ва ба хати зебо, имлои дурусту меъёрӣ сабти ҳуҷҷатнигориро таҳия бикунанд, зеро навиштан ҳунару фазилати инсони равшанзамир ва муҳақиқону донишмандон маҳсуб мегардад.
Дар ин росто суханваре хеле бамаврид гуфтасст:
Хат навиштан фазилату ҳунар аст,
Хондани хат зиёда муътабар аст.
Файзулло АБДУРАҲИМОВ,
Лоиқ СОБИРОВ
омӯзгорони факултети филологияи тоҷик