Бегоҳии рӯзи 4-уми феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрии Обидзода Юсуф, сардори ШОПҲНҶ РВКД дар вилояти Хатлон, Х. Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Эмомалӣ Набизода, раиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ, Д, Давлатова, раиси бонувон бо истиқоматкунандагони хобгоҳ баргузор гардид.

Чорабиниро Х. Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз намуда, мақсади мулоқотро ба донишҷӯён шарҳ дод.
Сипас Ю. Обидзода, зимни суҳбат зикр кард, ки шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои талаботҳои қунонгузорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуни миёни наврасону ҷавонон, омилҳои номатлуби ҷомеа, авҷи хатарҳои замони муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷамъиятро фаро мегирад.
Инчунин, дар мулоқот гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеа гаштааст, ин коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.
Дар фарҷоми мулоқот як қатор донишҷӯён фикру андешаҳои худро доир ба аҳамияти мулоқот баён дошта, баргузории пайвастаи чунин вохӯриҳоро бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ саривақтӣ арзёбӣ намудаанд.
Эмомалӣ Набизода,
раиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ