Марди каре шунид, ки ҳамсояаш бемори сахт аст. Ба худ гуфт: «Беморро дидану аҳвол пурсидан кори савоб аст». Саҳарии барвақт хесту ба хонаи ҳамсоя рафт. Раҳ ба раҳ андеша мекард: «Ман даставвал аз ӯ сиҳатиашро мепурасам. Албатта, ӯ «хуб!» мегӯяд. Ман мегӯям: «Шукр!» Баъд мепурсам: «Чӣ хӯрдӣ?» Дар ҷавоб мегӯяд, ки «Мошоба» ё «гардоб». Бо хушнудӣ ба забон меорам: «Нӯшат бод!» Боз мепурсам: «Аз табибон кӣ омада буд?» Бемор номи яке аз табибонро ба забон меорад. Мегӯям: «Пою қадамаш муборак аст!»

Марди кар бо дили пур ба сари бистари бемор омад.
Ҳамсоя аҳволи хуб надошт. Дар бистар ба худ мепечид, тафсаш баланд буд, нафасаш тангӣ мекард.
Марди кар ба ӯ салом доду дар паҳлуяш нишаст. Бемор ҳамсояашро диду табассум кард ва аз дил гузаронд: «Ба ҳар ҳол, ҳамсоя-дия. Ба диданам омадааст. Ташаккур».
Марди кар аз бемор пурсид:
– Аҳволат чи хел аст?
Бемор ҷавоб дод:
– Билло, ки мурдам.
Кар гумон кард, ки бемор «хуб» мегӯяд. Даст ба ришаш бурду гуфт:
– Шукр!
Аз ин сухани Марди кар қаҳри бемор омад. Ба худ печиду тоқат кард.
– Кар боз ба бемор рӯ овард:
– Чӣ хӯрдӣ?
Бемор бо зарда гуфт:
– Заҳр!
Кар бо қаноатмандӣ сар ҷунбонд:
– Нӯшат бод!
Бемор аз нафрату ғазаб меларзид. Кар боз пурсид:
– Аз табибон кӣ ба наздат омад?
Бемор бо тамоми нафрат ҷавоб дод:
– Азроил!
Марди кар бо қаноатмандӣ ба забон овард:
– Пои ӯ бисёр муборак аст. Ҳоло аз наздаш омадам. Гуфтам, ки туро ғамхору нигаҳбон бошад.
Баъд, Марди кар бо бемори дар оташи ғазаб сӯхта хайрухуш карду берун рафт ва дар роҳ ба худ мегуфт: «Хайрият ки ба дидани ҳамсояи бемор рафтам. Аҳволпурсӣ кардам. Дардаш сабуктар шуд».
Бемор дар ҷогаҳ ба худ мепечид ва менолид:
– Ин ҳамсоя душмани ман будасту нав донистам. Лаънат ба тую ба нафасат! Худо ҷазоятро диҳад!
  • Интишор аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин»
Возможно, это иллюстрация (один или несколько человек и текст)