Соли равон мардуми кишварамон, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ифтихору сарбаландӣ 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Дар остонаи ин ҷашнҳои фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафи тайнамудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиқлолияти кишвар мебошад, пеши назар меорем.

Бояд қайд кард, ки маҳз дар даврони шӯравӣ Тоҷикистон рушду равнақ ёфт, баъди гузашти айёми пурпечутоб аз давраи фанои давлати Сомониён ва зердасти замондорони манғит тоҷикон соҳиби давлатдории худ гардидаанд.
Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 декабри соли 1992 нахустин қарорро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонд. Мувофиқи ин қарор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳайати «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати конститусионӣ ташкил дода шуд. Норасоии низомиёни касбии таълими ҳарбию ҷангидида ва дар ҳарбу зарб ва машқ обутобёфта дар ин давра бараъло эҳсос мешуд.
Мақсади асосии давраи аввалисохтмони Артиши миллӣ ин ташкили Қувваҳои Мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳимми ташкилӣ қабул карда шудаанд.
Дар давраи дуюм вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ – Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.
Марҳилаи сеюми сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифини муттаҳидаи тоҷик оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик созишнома имзо шуд, ки он ба ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима гузошт.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. Барои таъмини устувории истиқлолияти мамлакат ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон зарурати таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ва аз нав ташкил намудани сохторҳои ҳарбӣ ба миён омад. Гузашта аз ин, мӯътадил гардонидани вазъи сиёсиву иқтисодӣва тартиботи ҷамъиятӣ, қатъи муқовимати мусаллаҳона, аз байн бурдани беқонунӣва ҷинояткорӣтатбиқи сохтмони фаврии Артиши миллиро дар кишвар талаб мекард. Таҳкурсии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар сурати мавҷуд набудани маводи зарурӣ ва заминаи моддию техникӣ ва норасоии дастаи кормандони баландихтисос, моҳи феврали соли 1993, қариб аз сифр оғоз ёфтааст. Ҳануз 18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуда буд.
Мувофиқи ин қарор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳайати «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати Конститусионӣ ташкил дода шуд. Ҳамин тариқ рӯзи 23 феврали соли 1993 бори аввал бо иштироки қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои навтаъсиси ҳарбӣ дар майдони Дӯстии пойтахт паради ҳарбӣ баргузор шуд. Ин нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ буда айнан дар ҳамон майдон 23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон карда шуд.
Дар ин рӯз нахустин қисму ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар майдони марказии пойтахт паради ҳарбӣ ороста аз маҳорати касбӣ-ҳарбии худ дарак доданд. Минбаъд дар Қувваҳои мусаллаҳ марҳалаҳои ҳам созандагӣ ва ҳам размандагӣ баробар давом мекард. Артиши ҷавони Тоҷикистон маҷбур буд, ки дар набардҳои ҷанги дохилӣ иштирок карда, қарзи бевоситаи худро дар роҳи ҳифзи амнияту осоиши Ватан иҷро намоянд. Дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии дохилӣ ва минтақавӣ Артиши миллии ҷавони Тоҷикистон асосҳои ҳарбии худро бунёд гузошта, сохтори қавии мудофиавии мамлакатро барпо намуданд.
Соли 1997 бо саъю кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон байни Ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки барои Қувваҳои мусаллаҳамон давраи осоиштаи таҳкиму пешрафт шурӯъ шуд.
Роҳбарияти мамлакат барои тадриҷан такмил ва рушд додани Қувваҳои мусаллаҳ ҳамаҷониба кӯшиш менамуд. Рӯзи 9 феврали соли 1999 машварати умумиҷумҳуриявии кормандони мақомоти ҳифзи хуқуқ ва сохторҳои низомӣ баргузор гардида, дар он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи муфассал суханронӣ намуд. Бо супориши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар Тоҷикистон Маркази таълимии тайёр кардани мутахассисони хурди умумиқӯшунӣ ташкил карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ташаккул ва рушди Қувваҳои мусаллаҳ собиқ Вазирони Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори мустаъфӣ А.В. Шишлянников, генерал-полковник Хайруллоев Ш.Х., собиқ муовинони Вазири Мудофиа генерал Чубаров А.С., генерал-майори мустаъфӣ Шералиев Н.Ш., Ҳабибов А.Ҳ., ФайзиевЛ., Турдиев Т., генерал-майори авиатсия Грудина В., генерал лейтенант Адҳамов Ғ., полковникҳо Раҷабов Р., Раҳимов Ф., Ҳаётов Н. ва ғайра саҳми арзанда гузоштанд. Дар кори ташкили Вазорати мудофиа генерал-лейтенантҳо Р. Раҳмонали, Ш. Мирзо, генерал-майорҳо Т. Тошмуҳаммедов, А.Н. Қаюмов, Н. Тоҳиров, Ш. Саидамиров, Ю. Муродов, Ҳ. Одинаев, А. Ҷалолов ва полковникҳо Б. А. Муминҷонов, М. Нозилов, М. Ризоев, Д. Дилдорбеков, В. Рахматов, М. Додобоев, С. Саидакрамов, Л.Г. Маъруфӣ, Б. Шукуров ва дигарон саҳми назаррас доранд. Дар идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ сардорони Сарситоди Вазорати мудофиа, генерал-майорони мустаъфӣ С.Н. Бобоҷонов, З.М. Файзиев, генерал-лейтенант Надиров Р. саҳми арзанда гузоштанд.
Аз давраи аввали бунёди Сарситоди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил намудани раёсатҳову шӯъбаҳо ва воҳидҳои низоми марбути он полковник Л.Н. Камишников, полковник Р.С. Уянаев, генерал-майор А.К. Шербатов, генерал-майор С.Н. Бобоҷонов ва генерал-майор З. М. Файзиев саҳми калон гузоштанд. 1 феврали соли 2007 таҳти рақами 05 бо Дастури Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарситоди ҚувваҳоиМусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ табдил дода шуд, ки Ситоди генералии Қуваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро солҳои 2001-2014 генерал-лейтенант Р. Надиров сарварӣ мекард.
Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят вазнин, ки ҷанги шаҳрвандӣ минтақаҳои марказ ва ҷануби мамлакатро фаро гирфта буд таъсис ёфт. Хусусияти хоси ташаккул ва рушди Қувваҳои мусаллаҳи дар он буд, ки пойдевори онро “Фронти халқӣ” ташкил карда дар ҷанги шаҳрвандӣ обутоб ёфта буд. Бояд махсус таъкид кард, ки ҳатто техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳаи ҷузъу томҳои Артиши Шӯравии дар Тоҷикистон ҷойгиршуда ба тавозуни қисмҳои ҳарбии Федератсияи Россия гузаронида шуда буд, ки ин масъалаи ташкил ва таъмини қисмҳои ҳарбии навтаъсисро дучанд душвор мегардонид. Барои ҳамин роҳбарияти мамлакат ташкил ва таъмини Қувваҳои Мусаллаҳро амиқ дарк намуда, ба ин масъала афзалияти аввалиндараҷа доданд. Минбаъд Артиши миллӣ, баъд аз таъмини сулҳ дар мамлакат сифати нав пайдо карда, ба таркиби он сафи ҳарбиёни касбӣ торафт зиёд гардид. Вобаста ба ин қӯшунҳо ва ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ бо техникаҳои ҳарбӣ ва яроқу аслиҳаҳои замонавӣ таъмин гардиданд.
Дар давраи ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистон контингенти калони қӯшунҳои сарҳадӣ арзи вуҷуд дошт, ки баъдтар аз ҳисоби афсарони Федератсияи Россия ва сарбозони Тоҷикистон мукаммалонида шуда буд. Ғайр аз ин муддати тӯлонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон қувваҳои сулҳхоҳи давлатҳои ИДМ дар базаи дивизияи 201-уми тирандозии моторикунонидашудаи Федератсияи Россия ҷойгир шуда буд.
Аввалин вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор А. В. Шишлянников солҳои 1993-1995 фаъолият намуда, солҳои 1995-2013 генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ва аз соли 2013 генерал-полковник Мирзо Шералӣ ба ҳайси вазири мудофиа фаъолият менамоянд.
Дар сохтмони Артиши миллӣ муовинонаш ва афсарони олирутба генерал-майор А.С. Чубаров, полковник С.Н. Бобоҷонов, генерал-майори авиатсия В.М. Грудина, генерал-майор А.А. Абдулҳасанов, генерал-майор З.М. Файзиев, генерал-майор И. Додоматов ва бисёр дигар афсарон саҳми шоистаи худро гузоштаанд.
Дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳ се навъи қӯшун – Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал созмон ёфтанд.
Тадриҷан Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳаматарафа аз нав бунёд гардида, дар сафи он сохторҳои наву замонавӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла қисму ҷузъу томҳои десанти ҳавоӣ, муҳандисию сапёрӣ, сохторҳои таъминоти ақибгоҳӣ, сохтмонӣ, тиббӣ, таълими ҳарбӣ ва монанди инҳо барпо карда шуд. Такмилу инкишоф ва бозсозии Қувваҳои мусаллаҳ минбаъд низ идома ёфт.
Дар ибтидои ташаккули Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ таркиби ин сохтор аз чархболҳои МИ-8 ва МИГ-24 иборат буд. Нахустин парвози МИГ-24 дар фазои Тоҷикистон соли 1993 оғоз гардид.
10 апрели соли 1993 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баталиони таъиноти махсус (қисми ҳарбии 3571) -и қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бригадаи махсуси Вазорати мудофиа табдил ёфт.
Аз рӯзҳои аввали фаъолият сохтори мазкур аз санҷишҳои ҷиддии ҷанги шаҳрвандӣ гузашт, бригадаи махсус боварии Сарвари давлат ва мардуми кишварро ба даст овард. Бо назардошти дастовардҳои ҳарбӣ ва ҷангӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 1995 бригадаи махсус ба Гвардияи Президентӣтабдил дода шуд.
Мутобиқи Дастури Вазорати мудофиа бо мақсади рушду нумӯи варзиш аз 4 марти соли 2002 Клуби маркази варзиши артиш ташкил карда шудааст. Ҳайати шахсии Клуби маркази варзишии артиш Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 10 намуди варзиш: футболи лигаи олӣ, футболи кӯдакона, гуштини самбо, гуштини дзю-до, гуштини тарзи озод, гуштини миллӣ, гимнастикаи бадеӣ, бокс, ҷанги тан ба тан ва таэквандо фаъолият дорад. Варзишгарони Клуби маркази варзиши артиш дар маҷмӯъ дар 72 мусобиқаҳои шаҳрӣ, 103 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 76 мусобиқаҳои байналмилалӣ, 15 мусобиқаи Осиёи Марказӣ ва 20 мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок намуда ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллӣ» аз 26 январи соли 2004 қабули Низомнома дар бораи Гвардияи миллии ҳамчун сохтори мустақил бевосита ба Президент ва ҳамчун рамзи истиқлолияти Тоҷикистон зертобеъ тасдиқ гардид. Ҳамин тавр, як давраи нави гузариш дар ташаккули касбии Гвардияи миллӣ оғоз ёфт.
Ҳамин тариқ, Барномаи бунёди марҳила ба марҳилаи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҳия ва амалӣ гардид, ки ин ду давра – солҳои 1995-1997 ва 1998-2000- умро дар бар гирифта, дар таъсиси Артиши миллӣ пояи асосноки илмӣ гузошт.
Дар ин давра сохторҳои марказии Вазорати мудофиа, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, Донишгоҳи ҳарбӣ, Коллеҷи олии ҳарбӣ, шифохонаи марказии ҳарбӣ ва як қатор дигар қисмҳо, ҷузъу томҳо, корхонаю муассисаҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд.
Нахустин мактаби касбии ҳарбӣ дар Тоҷикистон Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 29 сентябри соли 1992 №-198 ва Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳию муҳандисӣ ташкил карда шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №195 аз 30 апрели соли 2002 Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳию муҳандисӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд.
Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва донишҷӯёни низомии тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода шуданд.
Ҳанӯз 29 декабри соли 1989 бо фармони Шӯрои Вазирони Ҷумҳурӣ мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявии №1 ба номи генерал-майор М.Д. Тошмуҳамадов гузошта шуда буд.
Моҳи сентябри соли 1995 Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ� Раҳмон дидан намуд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №195 аз 30-умиапрели соли 2002 Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳи–муҳандисӣ� ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуда, бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №130 аз 14 июни соли 2002 Низомномаи Донишкадаи ҳарбӣ� тасдиқ карда шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъмини рушди иқтисодиёттадриҷан баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Чунки сатҳи баланди омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд.
Дар давоми соли 2003 дар гарнизонҳои Хатлону Суғд дар якчоягӣ бо дивизияи 201-уми Федератсияи Русия машқҳои таълимии ҳарбӣва чамъомадҳои таълимии ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳ баргузор гардиданд.
Аз соли 1996 то соли 2015 барои сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, наздики 150 миллион сомонӣ ҳарҷ гардидааст. Дар давоми ин солҳо дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тавилдара, Данғара Темурмалик, Ваҳдат, Лахш, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Балҷувон, Шаҳринав, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Варзоб биноҳои комиссариатҳои ҳарбии дуошёна сохта ба истифода дода шуд.
Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде амалӣ карда шудааст. Дар давоми чор соли охир дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар аз Вазорати мудофиа беш аз 250 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома доранд.
Мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои байналхалқӣ сол аз сол баланд гардида машқҳои аҳамияти дорои минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардид. Моҳи июни соли 2012 машқҳои муштараки зиддитеррористии воҳидҳои ҳарбии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти унвони “Рисолати сулҳҷӯёна- 2012” дар машқгоҳи “Чоруқ -даррон”-и гарнизони Суғд баргузор гаштанд.
Дар аввали асри ХХI дар ҷараёни ислоҳоти ҳарбии Тоҷикистон як қатор дигаргуниҳо ба амал омад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2004 Гвардияи Президенти ба Гвардияи Миллӣ табдил дода шуд.
Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти дастаҷамъӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналхалқӣ, барои такмили маҳорат ва омодагии ҳарбии ҳайати шахсӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он бо сохторҳои гуногуни мамлакатҳои хориҷии дуру наздик машқҳои ҳарбӣ мегузаронад.
Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст.
Тобистони соли 2016 хизматчиёни ҳарбии Россия ва Тоҷикистон дар ҳамкорӣ дар машқгоҳи Лоҳур машқҳои зидди амалиётҳои душмани шартиро гузаронданд, ки давраи асосии он тай намудани роҳи ҳашткилометраи разведка дар машқгоҳи кӯҳии Лоҳур мебошад. Бинобар маълумоти Маркази иттилооти округи марказии ҳарбии ФР гурӯҳи якумро қумондони базаи ҳарбии 201-уми Россия полковник Д. Лямин ва ҷонишини фармондеҳи Қувваҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник М. Ашӯров сарварӣ намуданд. Дар хабарҳои Маркази матбуоти округи марказии ҳарбии ФР қайд карда мешавад, ки «таҳлили амалиётҳои мазкур доир ба натиҷаҳои ин машқҳо ба қумондонҳо барои сайқал додани ҳамоҳангсозии ҳаракатҳои якҷоя, баҳо додани тайёрии умумии қӯшунҳо ва иҷро намудани вазифаҳои дар назди ҳарбиён гузошташуда мусоидат мекунад».
Айни замон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дорад.
Ҳамин тариқ нуфузи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ баланд гардида, дар давраи соҳибистиқлолӣ мавқеи он мустаҳкам гардид. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳои ҳарбии байналхалқӣ фаъолияти худро бо давлатҳои Федератсияи Россия, Хитой, Эрон, Амрико, Ҳиндустон, Олмон, Франсия, Британияи Кабир, Афғонистон ва ИДМ ба роҳ монад. Яке аз воқеаҳои таърихӣ дар фаъолияти Вазорати мудофиа, ин ташрифи расмии Вазирони мудофиаи мамлакатҳои хориҷӣ ва баргузор гардидани Маҷлиси навбатии 57-уми ШӯроиВазирони мудофиаи ИДМ, ҳамчун як маъракаи аҳамияти ҳарбӣ ва сиёсӣ буд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 29 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу суббот ва сохтори конститутсионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд. Мо ҳаргиз қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро нахоҳем фаромӯш кард.
Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукаммал гардидааст.
Давлаталӣ Алимов,
доктори илмҳои таърих, профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (летательный аппарат и текст)