Имрӯз имтиҳоноти хатми зинаи доктори PhD оғоз гардид, ки дар он Хукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, раиси комиссияи имтиҳонӣ, Холназар Шамсуллозода, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илми-педагогии донишгоҳ котиби камиссияи имтиҳонӣ ва аъзоёни камисия -Ф. Наботов, Р. Казаков, Б. Наимзода, Н. Нурализода, М. Мирзозода, Ш. Олматова, Т. Тағоева, Б. Файзаллизода, Қ. Гулов, И. Гуляев, А. Абдураҳимов, М. Гулова М. Бубиева ва Г. Каримова иштирок намуданд.
Доктори PhD дараҷаи олии академӣ буда имсол дар донишгоҳ 13 нафар доктори PhD аз руйи ихтисосҳои таърих (6D020300), иқтисодиёт (6D050600), молия (6D050900), забонҳои хориҷӣ (6D011900), Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (6D050800), физика (6D011000), менеҷмент (6D050700), инфографика (6D0111100) ва автоматикунонӣ ва идоракунӣ (6D0111100) хатм мекунанд.