Имрӯз як гурӯҳ омӯзгорони кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав аз студияи таълимии телевизиюни “Фурӯғ”-и кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуда барои ҳамкории минбаъда табодули назар карданд.
Ин сафари гурӯҳи бо ташаббуси рӯзномаи “Хатлон” роҳандозӣ гардидааст, дар ин ҳайати кормандони эҷодии рӯзнома ҷалб гардидаанд. Инчунин дар идомаи сафар аз Қасри Арбоб дидан намуда, маълумот пешниҳод месозем.