Дар идомаи сафар ҳайати журналистон аз муассисаи давлатии Қасри “Арбоб” дидан намуданд. Дар ин замина ин ҳайат аз толори намоиши “Иҷлосия XVI уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII 16 XI 1992 то 2 XII 1992” ва толори намоишии “Тоҷикистон дар масире Истиқлолият” дидан карданд.
Чуноне, ки Кофи Аннан, муовини аввали Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид (соли 2000) иброз доштааст: “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилии нишон дод. Фикр мекунам, ки ин падида нишони равшании саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳофарӣ мебошад”.
Ин шиносоӣ бо тасмими рӯзномаи “Хатлон” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ шуда буд.