Корвони иттилоотии журналистон, ки бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташкил шудааст, шоми дирӯз дар идомаи сафар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба мавзеи таълимию таҷрибавии”Зағертут”-и назди ДДБ ба номи Носири Хусрав ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи ин мавзеъ ҳайати меҳмононро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, БунафшаФайзиддинзода, раиси шаҳри Левакант, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо рақсу суруд пешвоз гирифтанд.
Пас аз суҳбат ва боздиди ин мавзеъ ба меҳмонон хуроки шом ва барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу суруд дар иҷрои дастаи “Левакант”-и назди донишгоҳ таъби ҳозиринро шод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати корвони иттилоотӣ 35 нафар журналист аз Суғду Бадахшон, Рашту Ҳисор ва шаҳри Душанбе шомил буда, зарфи се рӯз бо дастовардҳои замони истиқлол дар вилояти Хатлон шинос мегарданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ