Имрӯз аз ҷониби Диловар Ҷаборов, мудири бахши таъминоти ҳуқуқи ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо, Мавзуна Каримова, ёрдамчии ректор ва Азизулло Муҳиддинов, мутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқи ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ бо кормандони Маркази фосилавӣ баргузор намуд.

Нахуст, Диловар Ҷаборов, мудири бахши таъминоти ҳуқуқи ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо зимни баромади худ оид ба қонуни мазкур маълумот дод.
Гуфта шуд, ки мувофиқи моддаи 2-и қонуни мазкур, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад – қонуният, адолат, баробарӣ дар назди қонун, инсондўстӣ, ошкорбаёнӣ, илмият, талаботи ягона ба муроҷиатҳо, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шахсони муроҷиаткунанда, пурра, ҳамаҷониба, холисона ва дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ кардани муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолият ҳангоми баррасии муроҷиатҳоро дар бар мегирад.
Дар идомаи ин чорабинӣ Азизулло Муҳиддинов, мутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқи ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо оид ба моддаи 18-и қонуни мазкур ки дар бораи муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумот оварда шудааст.
“Муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда дар давоми сӣ рўз ва муроҷиатҳое, ки омўзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рўз аз рўзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 20 Қонуни мазкур роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор ҳуқуқ дорад, муҳлати баррасии муроҷиатро ба муддати на зиёдтар аз сӣ рўз тамдид намуда, дар инхусус ба муроҷиаткунанда дар муҳлати се рўз хабар расонад”, – афзуд Азизулло Муҳиддинов.
Сипас, аз ҷониби Мавзуна Каримова, ёрдамчии ректор оид ба маҳорати суханварӣ, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикиро шарҳ дод.