Имрӯз дар бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ғолибони озмун ва омӯзгоронашронро бо гулдаста ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин озмун як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда соҳиби ҷойҳои сазовор гардиданд.
Зимни иштирок дар озмун Озодамоҳи Неъмутулло, донишҷӯи курси сеюм аз фанни педагогика сазовори ҷойи аввал, Шоира Раҳимова, донишҷӯи курси сеюм аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҷойи дуюм, Нуралӣ Шонаврузов, донишҷӯи курси сеюм аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи сеюм ва Шоҳидод Темиров, донишҷӯи курси сеюм аз фанни назарияи иқтисод сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ