Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ бо гирифтани бештари ҷойҳои ифтихорӣ ҷойи сеюмро сазовор гардид, ки аз ҷониби Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Вазорати маовиф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.