«Созишномаи умуми аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расми истиқлол ва соҳибихтиёри ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт»
Аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН
Имрўзҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманду сарбаландӣ ватани азизамон Тоҷикистон, зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлил намудани 25- солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан таърихӣ мебошад, қарор дорем.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми мардуми мамлакат бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ, шукургузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дар фазори оромии кишвар истиқбол менамоянд.
Қабули ин ду санаи басо муҳим дар таҳкими эъмори даватдориву истиқлолияти миллӣ, пойдории сӯлҳу субот дар Ватани маҳбубамон нақши ҳалкунадабозидаанд. Агар гӯем, ки халқи тоҷик бо қабули ин ду санаи муҳими муқаддаси давлат ва бо кӯшишу талошҳои софдилонаи фарзанди баруманди муаззами миллаташ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арсаи ҷаҳони ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ва комилҳуқуқу демократи шинохта шуд, иштибоҳ нахоҳем кард.
Кӯшишу талошҳои доимӣ ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Масква бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо ба имзо расид, ки он роҳи сулҳи бебозгаштро дар кишвари азизамон Тоҷикистон муайян намуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин тинҷию оромӣ, осудаҳолии мардуми кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ, бе талафоти фарзандонибонангу номус, вафодору содиқаш ба даст наомадааст, барои ба даст овардани ин сулҳи деринтизор Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби мислаш дар таърих ангуштшуморро тай намуд.
Маҳз барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки барои рушди босуръати иқтисодиёти кишвар, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шароитҳои мусоид муҳайё гардида, ва имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Ватани мо бо қадамҳои боэътимод ба сӯи ояндаи дурахшони худ пеш рафта истодааст.
Тавре, ки мо насли наврас аз саҳифаҳои таърихи гузаштаамон бархурдор ҳастем, дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобуди таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рў ба завол шуда, вале дар тўли бештар аз ҳазор сол бо азми қавӣ ва поктинатию мушкилнописандии фарзандони ҷасуру ватандусташ ин миллат тавонист, ки худро аз нестшавию парокандагӣ наҷот дода, то ба Истиклолияти давлатию Ваҳдати миллӣ расад.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тавонист, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ хоса дар ҳама соҳаҳоимаънавии халқи тоҷик дигргуниҳои куллиро ба вуҷуд орад.
Мо насли ҷавони зодаи даврони Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, аз саҳифаҳои таърихи пурғановати гӯзаштаи халқӣ худ ба хӯби огоҳи дорем, ки ин сӯлҳи деринтизор боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндаги эҳё намуд. Сӯлҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарин ва иродаи неки миллати тоҷик, кушишу заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати мили-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Аз ин рў мо насли даврони соҳибистиқлолии кишвар масъулияти баланди ватандории худ мешуморем, ки ин ганҷинаи бебаҳо, сӯлҳи деринтизор ва дастовардҳои замони Истиқлолияти кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, рисолати шаҳрвандии худро, ки аз ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иқтидор мудофиавии он аз қабили Парам, нишон ва суруди миллӣ иборат мебошад, пос дошта дар сабзу хурам ва ободу зебо гардонидани якпорчагии кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо саҳми арзандаи худро мегузорем.
Мо имрӯз ҷавонони хушбахту сарбаланди даврони истиқлолият бо як дилу нияти нек бо фардои дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистон боварии комил дорем.
Эмомалӣ НАБИЗОДА,
раиси Созмони кор бо ҷавонони ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение один или несколько человек и текст «27-июH py3и BaxAaTи mиллй cyлxy cy6oT, pи3oиRTи HOMEA BA BaxAaTи mилли xи3maTи 6eHиxoRT 6y3ypry Tabpиxии xaлKи a3и3и To4иKиcToH ACT. SMORANY PATMOH FIMETLA M'IPORRE UAT A1P BNΠORTH AAT108»