Ёде аз навиштаҳои Хурсандмурод Фақиров, омӯзгори кафедари адабиёти филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав

ВАҲДАТ

Ба мо бахту саодат додаӣ, эй Ваҳдати миллӣ,
Бузургиву рафоқат додаӣ, эй Ваҳдати миллӣ
Ки бошем номбардори Ватан ҳам посбони ӯ,
Далериву шуҷоат додаӣ, эй Ваҳдати миллӣ
Ба гулҳои чаман бори дигар аз файзу эҳсонат,
Ҷавониву назокат додаӣ, эй Ваҳдати миллӣ
Ватан обод кардан, дуст доштан, арҷ бигзоштан,
Аҷоиб хулқу одат додаӣ, эй Ваҳдати миллӣ
Ба гардун аз ҳама боло парафшон парчами тоҷик,
Сари болову қомат додаӣ, эй Ваҳдати миллӣ
Намуда ҷангро берун, кунун дар хоки ин Меҳан,
Муҳаббатро икомат додаӣ, эй Ваҳдати миллӣ
*****

ВАТАН

Дам ба дам ҳуснат дигаргун мешавад,
Доманат сарсабзу гулгун мешавад.
Номи некат ҷовидон дар баҳру бар
Ахтаре дар бурҷи гардун мешавад.
Чилчароғи хонаи бахтат, Ватан,
Равшан аз эҳсони Роғун мешавад.
Миллати мо аз азал созанда буд,
Ин сухан дар ҳукми қонун мешавад.
Шукр, сулҳу ваҳдатат поянда аст,
Номи ҷанг аз ёд берун мешавад.
Ҳамчу як фарди ватансоз ин Фақир,
Бо ҷавонон гӯшту нохун мешавад.
****
ДИЁРАМ ТОҶИКИСТОНАМ
Чи хуш боду ҳаво дорад, диёрам Тоҷикистонам,
Аҷоиб қуллаҳо дорад, диёрам Тоҷикистонам.
Бувад лабрези руду чашмаву дарёву соҳилҳо,
Кафи обаш шифо дорад, диёрам Тоҷикистонам.
Шаб аз фонуси маҳ борад зиёи Ваҳдати миллӣ
Сари ҳар кӯ вафо дорад, диёрам Тоҷикистонам.
Ба назмаш Рӯдакӣ машҳури олам, лек андар тиб,
Ҳакиме чун Сино дорад диёрам, Тоҷикистонам.
Возможно, это изображение 1 человек и в помещении