Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода дастовардҳои муассисаи зери роҳбариашро дар нишасти матбуотии худ дар шакли муосир муаррифӣ намуд, ки чунин усули баргузории ҳамоиши хабарӣ дар вилояти Хатлон бесобиқа мебошад. Ӯ нахуст ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ ва масъулияти касбии онҳоро як ба як ёдовар шуда, пас он оид ба муваффақиятҳои омӯзгорону донишҷӯён дар соли хониши 2021-2022 маълумот дод.
Дар қисмати саволу ҷавоб ректор бо муносибати созгор ва бо дипломатияи хеле баланд бо хабарнигорон муносибат намуда, собит кард, ки ӯ воқеан баҳри рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳ ва баланд бардоштани илму маърифати муҳассилин дар талош аст.