Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад.

Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 70 – уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан, Роғун ном гирифтани нерӯгоҳ аз номи деҳае сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст. Роғун моро муттаҳид месозад:
Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,
Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.
Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин нерӯгоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон пеш меравад. Аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади сарвари давлат ва кули тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт. Бунёди ин иншоот барои ҳама гунна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Зеро, бидуни нерӯи барқ ягон соҳа пеш намеравад:
Чун арсаи садоқату номуси миллат аст,
Роғун, ки рамзи қудрату пайвастагии мост.
Роғун пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи марказӣ маҳсуб дониста мешавад. Иқтидори тавлидотии нерӯи барқи Роғун 13,5 млрд квт – ро ташкил медиҳад, ки ин барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамияти калон дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки нерӯгоҳи Роғун “макони созандагию меҳнат” аст.
Қудрату шаҳомати нерӯгоҳи Роғун, аллакай, дар хонаи дилҳо эҳсос мешавад ва хушбахтиву комёрии миллатамонро дар ояндаи наздик тасаввур менамоем. Ҳамаи инрохулоса карда, гуфтан мумкин аст, ки Роғун бунёд мешавад.
Бинобар вуҷуд надоштани захираҳои нафту газ, инчунин имкон надоштани интиқоли қувваи барқ аз дигар кишварҳо, бунёди иншооти гидроэнергетики Роғун, ки қисми зиёди он ҳанӯз дар даврони шӯравӣ сохта шудааст, интихоби ягона ва роҳи ҳалли мушкилиҳо мебошад.
Оре, Роғунро бояд созем. Дар канор будани ҳар яки мо аз рӯйи виҷдону имон нест. Ватандорӣ аз имон аст ва имрӯз рӯзи ватандории мо фаро расидааст:
Бо зӯри бозувон Ватан аз нав бино кунем,
Худро зи қайди панҷаи зулмат раҳо кунем.
Бо ҳар муроди худ ба Худо мерасем агар,
Меҳри Ватан чу дар дилу дар дида ҷо кунем.
Субҳонзода Салоҳиддин Икром,
мудири кафедраи фалсафаи донишгоҳ
Возможно, это изображение 2 человека и на открытом воздухе