Баъд аз пош хурдани давлати бузурги Шуравӣ ва ба истиқлолият расидани кишварҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки ҳамаи дастовардҳои миллати тоҷикро аз байн бурд, давлату миллатро ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид.
Дар чунин лаҳзаҳои мушкил барои миллати тоҷик аз ҳама бештар оромӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар муҳим буд. Барои барқарор кардани сулҳу субот шахсияте лозим буд, ки тавонад миллату давлатро аз вартаи ноумедӣ нигаҳ дорад.
Дар чунин лаҳзаҳо офаридгор барои ин миллат шахсиятеро ато кард, ки тавонист ҳамаи ормонҳою хостаҳои мардуми кишварашро бароварда ва миллату давлатро аз парешонӣ нигаҳ дорад. Бешубҳа Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки дар дилу дидаи хурду калон, марду зан, пиру ҷавон бо заҳматҳову ҷоннисориҳои хеш ҷой дорад.
Имрўзҳо аксари ҷавонони бонангу номуси кишвар дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат таҳсил карда истодаанд.Қисме бо азму иродаи матин дар соҳаи истеҳсолӣва сохтмонҳои бузурги кишвар заҳмат мекашанд, дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ, аз ҷумла дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияту оромии давлат қарор доранд ва иддае парчами Тоҷикистони азизро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд мебардоранд.
Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд ҳамеша такя менамояд.
Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Сар задани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткориимуташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, шиддат гирифтани проблемаҳои экологӣ ва хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳмияти масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро ба маротиб зиёд мегардонанд.
Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯсохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Айни замон вазифаи умумимиллии милати тоҷик ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, алалхусус донишҷўёни ДДБ ба номи Носири Хусрав иборат аз он аст, ки ҳама гуна хусумат кинаву адоват ва манфиатҳои инфиродиро ба як су гузошта, дар атрофи роҳбари сиёсӣ ва хирадманду оқил Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату ягонагӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкоронаро дар сохтмонҳои бузурги аср, аз қабили НБО Роѓун таҳким бахшида, неруҳои солиму ватанпарварро баҳри ҳалли нақшаҳои дурнамои стратегии умумимиллӣ ва умумидавлатӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатӣ милииамон сафарбар намоем.
Аз ин рў, мо ҷавонони даврони истиқлол боварӣ дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат ватани азизамонро боз ҳам шукуфонтару беҳтар гардонида, мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои созандагиву бунёдкоронаро ба истиқболи ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом мерасонанд.
Эмомалӣ НАБИЗОДА – раиси созмони кор
бо ҷавонон дар ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение 1 человек и стоит