Санаи ба кор даровардани аввалин чарха ё худ агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак, дар саҳфаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, мардуми кишварро ба дастовардҳои нав ба нави таърихӣ ноил хоҳад сохт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайваст ва симои шаҳру ноҳияҳо, бахусус пойтахти кишвар, ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳанӯз дар оғози давлатдорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи стратегӣ дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли хоҷагидории кишвар муқаррар намуданд.
Ташаббуси нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ яке аз бузургтарин иқдомот ба шумор меравад, ки барои аз нав эҳё ва бунёд намудани иншооти ҳаётан муҳим дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон хеле саривақтӣ мебошад.
Ба андешаи мо, ташаббуси нави Президенти кишвар як ислоҳоти муосири иҷтимоию иқтисодиест, ки барои беҳбудии рӯзгори мардум, тарзи ҳаёти солим ва пешрафти ноҳияву шаҳру деҳоти Тоҷикистон такони ҷиддӣ дода метавонад. Амалӣ намудани он дар кишварамон барои аз байн бурдани тафовутҳои ҷиддӣ байни шаҳру деҳот, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, сарфакорӣ, беҳбудӣ ба занону кӯдакону пиронсолон дар таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ саҳм мегирад.
Барои пурзӯр намудани рафти иҷрои ин ташаббуси бузурги созандаи Сарвари давлат бояд инъикоси раванди иҷрои он тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва дигар васоити ахбори омма ба роҳ монда шавад.
Ташаббус ва бузургтарин иқдоми замони соҳибистиқлолии кишвари мо, албатта, дар баробари сулҳу салоҳ ин сохтмони НБО – и Роғун мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ барои эътибору нуфузи Тоҷикистон ҷойи хосса дорад. Заҳматҳои зиёд ва роҳбаладии Пешвои миллат барои ба кор даровардани агрегати якуми НБО – Роғун низ аз он дастовардҳоест, ки дар таърихи тоҷикон бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои тиллоӣ ҳаккокӣ мегарданд.
НБО – и Роғун рӯшноии кишвари соҳибистиқлол, натиҷаи заҳматҳои зиёди фарзандони бо ору номуси миллат ва эътирофи Ватани азизи мост. Бояд тазаккур дод, ки ташаббусҳои пай дар пайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвари азизамон на танҳо сифатҳои ифтихорию эҳтиромӣ, балки бузургии миллию азамати диёрро дошта, ҳамеша сармашқи иқдомҳои нави созандагӣ мебошанд ва фардо онҳо дар назди таърих мақому манзалати моро нигоҳ дошта, ҳамчун миллати тамаддунсозу мондагор муаррифӣ хоҳанд намуд.
Рӯзи Президент иди бузурги миллӣ, рамзи озодию эътиқод, тантанаи волоияти қонун, рӯзи сипосгузорӣ ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки он боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ду неругоҳи барқи обӣ – «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва ба бахти миллати тоҷик, чархаи аввали НБО-и «Роғун» рӯзи 16 – ноябр ба кор дароварда мешавад. Қабули «Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар давоми солҳои 2009-2020» раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат тавсеа бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур ва равшанӣ табдил хоҳад дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо роҳбарону масъулони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун, 26-уми июли соли равон, зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ ҷиҳати баҳрабардории агрегати аввали неругоҳ таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъминнамудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ниҳоят бузург дорад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар даврони истиқлолият ҷиҳати некуаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст. Натиҷаи ҳамин иқдомҳо буд, ки бори аввал, зимистони солҳои 2017-2018, мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бемаҳдудият бо неруи барқ таъмин гардиданд.
Ҳамагон гувоҳанд, ки дар даврони истиқлолият сохтмони бузургтарин иншооти аср — НБО-и «Роғун» маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора ба роҳ монда шуд, ки акнун самараҳои аввалинро ба бор меорад.
Агар ба таърихи сохтмони НБО-и «Роғун» рӯ оварем, сарнавишти онро бисёр печида ва саршор аз монеаҳоитабииюсунъӣ дармеёбем. Дар сарчашмаҳои таърихӣ санаи оғози корҳои омодагӣ ҷиҳати сохтмони ин неругоҳ, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст, 10-уми июли соли 1972 сабт гардидааст. Дар ин рӯз сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи умумииттифоқии «Гидроспетсстрой» Борис Соболев варақаи оғози корро пур кардааст. Сохтмони неругоҳ, ки расман соли 1976 оғоз гардида буд, то соли 1987 ҷараён дошт. Аммо бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони он мавқуф гузошта шуд ва танҳо баъд аз чандин соли соҳибистиқлолӣ ба мо муяссар шуд, ки бунёди онро дубора ба роҳ монем. Новобаста аз он ки иқдоми дубора бунёд намудани неругоҳ бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, бо дарки амиқи аҳамияти ин иншооти азими гидроэнергетикии аср ва дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзиву дастаҷамъона бо роҳнамоии Пешвои миллат қарор аст, 16-уми ноябри соли равон аввалин агрегати неругоҳ ба кор дароварда шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи сохтмони НБО-и «Роғун» 1-уми июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило С.п.А.» (Salini Impregilo SpA) созишнома ба имзо расонд. Тибқи иттилои расмӣ, маблағи умумии созишнома 3,9 миллиард долларроташкилмедиҳад.Иқтидорилоиҳавии НБО-и «Роғун» 3600 МВт / 6 агрегати 600 МВт иборат хоҳад буд. Баландии сарбанди он 335 метрмуайян шудааст, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Дар ҳолати пурра ба кор даромадан неругоҳ метавонад дар як сол 13,3 млрд. кВт/соат неруи барқ истеҳсол намояд.
Ҳамашоҳидҳастем, ки Сарвари давлат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, аз рафти сохтмон дидан ва бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Ҳар сафари Пешвои миллат такони ҷиддиест ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор. Хусусан, 29-уми октябри соли 2016 – рӯзе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо булдозер аз соати 10-и субҳ то 11:30 – расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди НБО-и «Роғун» оғоз бахшиданд, барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид.
МутобиқинақшаиҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 дар мамлакат бояд 71 неругоҳи хурд сохта шавад. Ҳоло зиёда аз 10 адад чунин неругоҳ бо кумаки Бонки Рушди Исломӣ ва аз ҳисоби ширкати «Барқи Тоҷик» бунёд гардидааст. Илова бар ин, неругоҳҳои «Сангтӯда-1» бо иқтидори 2,7 млрд. кВт/с ва «Сангтӯда-2» – 930 млн. кВт/с ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар фаъолият мекунанд. Ҳарчанд ин неругоҳҳо эҳтиёҷи энергетикии мамлакатро қисман таъмин намоянд ҳам, талаботи рӯзафзуни ҷумҳуриро пурра қонеъ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, сохтмони НБО-и «Роғун» барои ҷумҳурии мо ҳаётан муҳим арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон бо сохтмони пурраи НБО-и «Роғун» ба се ҳадафи стратегӣ ноил шуда, аз ҷумлаи кишварҳои пешрафта дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт. Вақте ҳадафҳои сегонаи стратегиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки Тоҷикистон аллакай дар амалисозиибахшибузургтарионҳомуваффақбуда, барои ҳамқадами давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон гаштан заминаҳои мусоид фароҳам овардааст, зеро ҳадафҳои стратегӣ тақвиятдиҳандаи якдигар гашта, механизми рушди соҳаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд.
Боисихушнудист, кимо имрӯз дар остонаи ифтитоҳи як иншооти бузурги электроэнергетикӣ қарор дорем. Аз муждаи ифтитоҳи ин неругоҳ қалби мардумро шодию фараҳ фаро гирифтааст. Дар сохтмони «Роғун» саҳми Пешвои маҳбуби миллат басо бузург ва назаррас аст, зеро тавонистанд бо азми қавӣ рӯ ба мушкилоти сангини замон оварда, дар ҳаллу фасли масъалаҳо заҳматҳои шабонарӯзӣ кашида, НБО-и «Роғун»-ро ба иншооти миллӣ табдил диҳанд. Чанд сол қабл Пешвои миллат зимни боздид аз Роғун гуфта буданд, ки орзуи ягонаашон гардон кардани чархаи аввали неругоҳ мебошад. Ин изҳороти Ҷаноби Олӣ қудрату неру ва рӯҳияи созандагии мардуми Тоҷикистонро тақвият бахшид. Инак, мо бо сарварии Пешвои миллатамон ба ин орзуи неки худ расидем. Иншооти мазкур баъд аз Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин муваффақияти халқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Пешвоимиллат НБО-и «Роғун»-ро масъалаи ҳаёту мамот дониста, аз ҷумла, таъкид доштаанд: «Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёбад».
Бунёди НБО-и «Роғун» собит месозад, ки халқи тоҷик тавоно ва созандаю бунёдкор буда, қодир аст бо азми қавӣ, меҳнати садоқатмандона ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба ҳама мақсад ва ормонҳои таърихии хеш ноил гардад.
Исозода Тоҷиддин Исо,
дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқ
Нет описания фото.