Дониш чароғи ақл, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб, кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад.
Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯнамешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Шахс тавассути ақлу заковати бо роҳи дониш ба дастовардааш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардад. Донишмандон дар ҳамаи мавридҳо азизу гиромӣ ва хотирнишинанд. Дар ёдҳо ва базмҳо дар дилу дидаи мардуманд.
Ба даст овардани донишу маҳорати бузург ба осонӣ ба даст намеояд. Шахсе, ки дар роҳи донишомӯзӣ мекӯшад, шахси соҳибобрӯст.
Як маънии бузург ҳаёти инсониятро тағйир дода, ўро бо роҳи рост ҳидоят мекунад. Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани фазлу дониш мекӯшад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намешавад, зеро дар зиндагӣ бояд ҳамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истад. Дар он мебояд кӯшид, ки ҳар рӯзи ҳаётро пайи зиёд кардани донишу ақлу заковати бузург сарф кард, на пайи тамаъи молу мулк. Афзудани дониш касро пурдону бомаърифат, кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш ба инсони бомаърифат ҳамчун ғизо неру мебахшад ва зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омӯзиши ӯ вобастагӣдорад.
Донишомӯзӣ ва толибилмӣ рисолати бузурги инсонї аст. Касе, ки ин рисолатро ба ҷо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву маломати атрофиён мемонад, вале шахсияти донишмандро ҳама эътироф ва эҳтиром мекунанд. Агар ба марги аблаҳон танҳо фарзандонашон бигирянд, ба марги алломаҳо ҷаҳон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд. Барои омӯхтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб хонд, зеро ҳамаи донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.
Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омӯхтан аст.
Самандар РАҶАБАЛИЗОДА,
омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ
Возможно, это изображение карта и текст