Мо имрўз дар арафаи сиву яксолагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем ва аз он хушбахт ҳастем, ки дар тӯли ин солҳо Тоҷикистон ба бурдбориҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Аммо он рӯзҳое, ки халқи тоҷик гуреза ва ҳама ҷо ноором буд, ҳеч гоҳ фаромўш намешаванд. Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ ҷумҳурии моро аз бӯҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ бароварда тавонист. Худованди бузург ба сари қудрат шахси оқилу кордонро лоиқ донист ва халқ онро пазируфт.
Дар ҳақиқат, ин шахси сиёсатмадор халқи тоҷикро аз вартаи ҳалокат наҷот дод ва дар муддати кӯтоҳ кишвари Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ба имзо расонидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳилаи тозаеро оғоз намуда, ба эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вусъати тоза бахшид.
Дуруст аст, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ мактабу муассисаҳои зиёдӣ таълимӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ харобу валангор шуда, сатҳи таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ниҳоят коста гардида буд, вале боз ҳам аз баракати сулҳу оромӣ мо тавонистем, ки дар як муддати кутоҳ фаъолияти муназами муассисаҳои фарҳангиро дар саросари мамлакат ба роҳ монем.
Омили дигаре, ки сарчашмаи рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад, ин арҷ гузоштан ба забони модарӣ мебошад. Зеро лаҳни шево ва забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ рисолати забон ба ҳайси забони давлатӣ омили муҳими ваҳдат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ гардидааст.
Мо хуб медонем, ки ояндаи ободи ватани азизамон аз сатҳи забондонӣ, тафаккури солиму пешрафта, маърифати баланди ҳар фарди ҷомеа, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии наслҳои имрӯзу оянда, инчунин фарогирӣ ва дар амал тадбиқ намудани дастовардҳои илми муосир, техника ва технологияи замонавӣ вобастагии зиёд дорад. Ҳар яки моро мебояд пеш аз ҳама, ба қадри обу хоки аҷдодӣ бирасем ва сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.
Бигузор осмони соф, сулҳу суботи поянда, дастовардҳои ваҳдати миллӣ, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши рӯзгори осудаҳолонаи кишвари мо бошанд.
Дилором Давлатова,
омўзгори факултети химия-биология
Возможно, это изображение небо и текст