Зиндагӣ саросар аз шебу фароз иборат аст. Новобаста аз ин инсонҳои накӯ мекӯшанд, дар ҷомеа бо меҳнати ҳалол ва рафтору кирдори нек мавқеи хешро пайдо кунанд ва ба боварии мардум сазовор бошанд. Дар ин баробар, мардум ба нафароне, ки умрашонро фидои роҳи таълиму тарбия намудаанд, эҳтироми хоса доранд ва амалҳои чунин шахсонро барои худ намунаи ибрат медонанд. Аз зумраи чунин ашхос доктори илмҳои филологӣ, профессор, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Муродиён Ҳасан Ғуломзода мебошанд.

ДОНИШМАНДИ ФАРЗОНА ВА СОҲИБДИЛ

Мавсуф аз ҷумлаи устодони накуному некандеш буду ба донишҷӯёни соҳаи филологӣ дарси донишу маҳорат меомӯзонид. Муродиён Ҳасан Ғуломзода20.09.1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омада, хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 11-и ноҳияи Вахш, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Кўлоб (1979) буд.

Дар вазифаҳои муаллими забон ва адабиёти тоҷик (1979, 1981-89), ҷонишини директор (1979-1981) ва директори мактаби миёнаи рақами 33, ноҳияи Вахш (1989-1992), саромўзгор (1992-2006), дотсент (2006), мудири кафедраи адабиёти тоҷик (1994-1998), ноиби ректор оид ба илм (1998-2001), декани факултаи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа (2001-2006) ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон (2006-2008) кор кардааст. Аз соли 2008 то ҳозир мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав буд.

Устоди зиндаёд муаллифи рисолаҳои «Забони хуни мо бояд шавад бедор» (Қўрғонтеппа, 1992), «Маҳфили адабӣ – кишваршиносӣ» (Қўрғонтеппа, 1996), «Таҳаввули нутқи хонандагон зимни маводи кишваршиносӣ» (Душанбе, 1997), «Кишваршиносии адабии фориғ аз дарс» (Душанбе, 1997), «Кишваршиносии адабии тоҷик ва таълими ҳамгироӣ» (Душанбе, 1998), «Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин» (Душанбе, 1998), «Фурўғи ирфони Вахшонзамин» (Душанбе, 2003), «Шаҳпари инсон» (Душанбе, 2003), «Фархундапай» (Душанбе, 2006), «Ифтихори ватандорӣ» (Душанбе, 2007), «Тоҷикистон. Шиноснома» (Душанбе, 2007), «Мазмун ва мундариҷаи маснавии Мирзо Абдулқодири Бедил «Фараснома» (Душанбе, 2008), «30 соли дирўз ва имрўзи ДДҚ» (Душанбе, 2008), «Тасвири ҳамбастагии инсон ва олами ҳайвонот (дар мисоли асп) дар адабиёти форсу тоҷик» (Душанбе, 2009), «Чиҳил соли азми синоӣ» (Душанбе, 2010), «Конь в пространстве персидско – таджикской литературы» (Душанбе, 2013), «Худомўзи Қуръони маҷид» (Қўрғонтеппа, 2014), «Расмулхати бобоӣ» (Душанбе, 2015), «Фолклори бачагонаи тоҷик» (Душанбе, 2015), «Аз тамрин то тамкини сухан» (Душанбе, 2015), « Шуълае, к-аз дуд фориғ» (Душанбе, 2016), «Шоистаи таҳсин» (Душанбе, 2016), “Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ” (Душанбе, 2019), “Шаст мақола” (Душанбе, 2019) ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмию методӣ мебошад.

Бо мукофотҳои давлатии медали «Барои меҳнати шоён» (1978, айёми донишҷўӣ), унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон (2014) ва соҳавии ҷоизаҳои ба номи Н. К. Крупская (1988), ба номи Ҷалолиддини Румӣ (2015), унвони муаллим – методист (1987), нишонҳои Аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.

Муродиён Ҳасан Ғуломзода дар тайёру омода намудани мутахассисони соҳаи адабиёт саҳми босазо дошт. Дар муддати фаъолияти меҳнатӣ устод Ҳасани Муродиён садҳо нафар шогирдони донишманду болаёқатро ба камол расонидааст. Меҳри Ватан дар дилаш ҷӯш мезад ва шогирдонро низ пеш аз ҳама дар рӯҳияи ватандӯстӣ таълиму тарбия медод.

Алишер Муродов,

мудири кафедраи методикаи таълими забон

Возможно, это изображение 1 человек, сидит и костюм

1818